Криштиану Роналду бори чорум соҳиби «Тӯби тиллоӣ» шуд

Ҳамлагари дастаи «Реал» (Мадрид)-и Испания Криштиану Роналду дар ҷамъбасти натиҷаҳои мавсими соли 2016 бори чорум арзандаи «Тӯби тиллоӣ» эътироф шуд.
Криштиану Роналдуи 31-сола қабл аз ин дар солҳои 2008, 2013 ва 2014 «Тӯби тиллоӣ»-ро ба даст овардааст. Ӯ дар мавсими гузашта бо «Реал» дар Лигаи чемпионҳо ва Суперҷоми Аврупо, инчунин дар ҳайати мунтахаби Португалия дар чемпионати Аврупо ғолиб омадааст.
Баъд аз ин Криштиану Роналду аз ҳисоби «Тӯбҳои тиллоӣ» ба ҷойи дуюм баромада, аз Йохан Кройф, Мишел Платини ва Марко ван Бастен гузашт. Ҳоло низ дар мақоми аввал ҳамлагари маъруфи «Барселона» Лионел Месси бо 5 «Тӯби тиллоӣ» истодааст (дар солҳои 2009, 2010, 2011, 2012 ва 2015).
«Тӯби тиллоӣ»-ро дар ҷамъбасти натиҷаҳои мавсими ҳарсола маҷаллаи France Football месупорад, акнун бе иштироки ФИФА.
Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *