Лигаи якум: «Панҷшер» ва «Саройкамар» ба Лигаи олӣ баромаданд

Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи якуми футболи Тоҷикистон бо ғалабаи дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба анҷом расид. Даста дар 24 вохӯрӣ 59 имтиёз ба даст оварда, 19 бор шаҳди ғалаба чашидааст, ду бозиро мусовӣ карда, дар се бозӣ мағлуб шудааст.
Меадалҳои нуқраи ин мусобиқа насиби дастаи «Саройкамар» аз ноҳияи Панҷ шуд. Футболбозони ноҳияи Панҷ аз дастаи «Панҷшер» се имтиёз камтар доранд. Дастаи «Кӯктош»-и ноҳи Рӯдакӣ ҷойи сеюмро гирифт.
Нишонзани беҳтарини чемпионат ҳуҷумкунандаи «Панҷшер» Абдухалил Боронов шуд, ки дар ҳисоби худ 36 гол дорад. Бо 17 гол Фирдавс Зайнуллозода аз дастаи «Чашма» дуюм шуд.
Ёдовар мешавем, ки ғолиби лигаи якуми футболи Тоҷикистон «Панҷшер» ва барандаи медалҳои нуқра «Саройкамар» ба Лигаи олии футболи кишвар роҳхат гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *