Магуайр — гаронарзиштарин дифоъгар дар ҷаҳони футбол

Бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» дар сомонааш аз гузариши дифоъгари бошгоҳи «Лестер Сити» Гарри Магуайр ба таври расмӣ иттилоъ дод.

Бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» дар сомонааш аз гузариши дифоъгари бошгоҳи «Лестер Сити» Гарри Магуайр ба таври расмӣ иттилоъ дод.

“Девҳои сурҳо” бо Гарри то соли 2025 қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Маблағи гузариши футболбози 26 сола ба дастаи наваш £ 80 млн (бештар аз € 87 млн)-ро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти ВАО Магуайр дар як сол 5,5 млн евро маош мегирад.

Ҳамчунин, мутолиа кунед:
Ғаниҷон дар Чин медали тилло гирифт

Ҳамин тавр, Магуайр гаронарзиштарин дифоъгар дар ҷаҳони футбол гардид. Қаблан рекорди мазкур ба ҳимоятгари “Ливерпул” Вирҷил ван Дейк (81 млн евро) ба ҳисоб мерафт. Магуайр соли 2017 ба дастаи «Лестер Сити» гузариш намуда буд.

Ӯ қаблан шарафи дастаҳои «Уиган Атлетик», «Халл Сити» ва «Шеффилд Юнайтед»-ро ҳимоя мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *