Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Майкл Фелпс —  Чемпиони 19-каратаи олимпӣ

    Шиновари амрикоӣ Майкл Фелпс  маротибаи 19-ум унвони олии варзишӣ – чемпиони олимпиро сазовор гардида, дар таърихи 120-солаи Бозиҳои олимпӣ рекорди беназир гузошт!

Ин  рекордро Майкл Фелпс 8 август дар ҳайати мунтахаби ИМА ҳангоми мусобиқаи шиноварии тарзи озод  дар эстафетаи 4х100 метри Олимпиадаи Рио-де-Жанейро  гузошт. Мунтахаби ИМА дар ҳайати Фелпс, Калеб Дрессел, Райан Хелд ва Натан  Эдриан ин масофаи финалиро дар зарфи 3 дақиқаю 9,92 сония шино карда, миёни дастаҳо ҷойи аввалро ишғол намуд.
Ҳамин тавр, Майкл Фелпс дар таърихи варзиш ягона чемпиони 19-каратаи олимпӣ шинохта шуда, 23 медали олимпиро соҳиб гаштааст. Ӯ нахустин медалҳои тиллоиро соли 2004 дар Бозиҳои XXVIII тобистонаи олимпии Афина (Юнон) ба даст оварда буд.

Эмоми Назариён

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.