Меҳрубон Сангинов: Бокс майдони нангу номус аст

Дар охири соли 2020 дар шаҳри Майамаи Иёлоти Флоридаи Амрико мусобиқаи бокси ҳирфаӣ (Boxing Promotions) доир гардид, ки дар он варзишгари тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон дар ду риштаи бокс — WBB (вазни 76 кг) ва WBС (миёни ҷавонон) Меҳрубон Сангинов ширкат кард ва бар ҳарифи амрикоии худ Клеотис Пендарвиси пирўз гардид. Бо Меҳрубон тавассути “WhatsApp” суҳбате анҷом додем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

— Меҳрубон, шуморо барои ин комёбӣ табрик  мегўям. Сабаби риштаи боксро интихоб карданатон дар чист?

— Бокс барои ман шоҳи варзишҳост, зеро майдони бокс ҷоест, ки мардро комил мегардонад. Маҳз набарди бокс ва ҳамон сарозершавиҳои майдони бокс дар шебу фарози зиндагӣ моро сарсахту қавӣ мегардонад ва намегузорад, ки мағлуб гардем. Дарвоқеъ, ҳар чӣ зўру тавоно бошем, бидуни роҳнамоиву дастгири устод ба ҳеҷ куҷое намерасем. Устоди аввалини ман низ дар ин самт мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Ахмедов ҳастанд. Амирхон Муродов мураббии шоистаи ҷумҳурӣ низ устоди ман ҳастанд, ки бисёре аз нозукиҳои ин риштаро бароям омўзондаанд.

— Аввалин муҳорибаатон дар куҷо гузашта буд ва то ҳол дар чанд набард ширкат кардаед?

— Аввалин набардам мусобиқаи байналмилалии бокс буд, ки  соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва ман бар ҳама рақибонам дастболо шуда, сазовори медали тилло шудам. Солҳои охир тамринҳои худро хориҷ аз кишвар мегузаронам. Ростӣ, ба шумораашон таваҷҷуҳ накардаам, вале иштирокчии зиёда аз 30 мусобиқаи байналмилалӣ будам.

— Набарди хотирмонатон кадом буд?

— Соли 2017 дар набарди бокси ҳирфаӣ, ки бо муштзани машҳури мексикоӣ Фермин Канедо пирўз гардидам, унвони қаҳрамони WBС дар ҷаҳон миёни ҷавононро соҳиб шудам. Вақте шахс дар баланд бардоштани мавқеи миллат ва парчами давлаташ комёб мешавад, он рўз воқеан аз худу аз асолати хеш ифтихор мекунад.

— Айни замон тамринҳои худро дар куҷо ва бо кӣ мегузаронед?

— Давоми ду соли охир тамринҳои худро дар шаҳри Ласвегаси штати Нервадаи ИМА мегузаронидам. Айни замон ба шаҳри Майамаи штати Флорида барои мусобиқаи ояндаам, ки ҳоло рўзи баргузориаш дақиқ нашудааст, омадаам ва ин ҷо бо варзишгарони касбӣ тамрин мегузаронам.

Мусоҳиб: Қиёмиддин Маҳмадҷонов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *