Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Медали нуқраи олимпиро барои ҷарроҳии писарак фурӯхт

Варзишгари сабуки Полша Петр Малаховски, ки медали нуқраи Бозиҳои XXX1 тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро-2016-ро дар мусобиқаи дискпартоён ба даст оварда буд,  ҷоизаашро барои ҷарроҳӣ кардани писараке фурӯхтааст.

Варзишгар аз ин хусус дар саҳифаи  Facebook ҳанӯз 19 август навишта будааст. Аммо васоити ахбори омма аз  ин баъди як моҳ дарак ёфтанд. «Соҳиб медали олимпӣ шудан барои варзишгар маънои ҷомаи амал пӯшидани орзуҳост. Ман тамоми маҳорату кӯшишамро баҳри ба дастории медали тилло равона кардам. Афсӯс ки ин дафъа натавонистам. Ба ман модари тифле муроҷиат намуд, ки гавҳараки чашмаш захм дошт. Ман қарор додам медалро дар фурӯши ауксион гузорам. Тамоми маблағи онро барои табобати писарак мебахшам», – навиштааст варзишгар.

Медали нуқраи Петр Малаховски аз тариқи ауксион 84 ҳазор доллар ба савдо рафт. Онро як оилаи сарватманди Полша харида гирифт. Ҳамаи маблағ барои писарак, ки арзиши ҷарроҳии чашмаш 126 ҳазор доллар будааст, сарф карда шуд.

Малаховски дар Олимпиадаи Рио дискро ба масофаи 67,55 метр партофта, бо медали нуқра сарфароз гашта буд. Ҷойҳои якуму медали тиллоро варзишгарони немис Кристоф Хартинг (68,37 метр) ва сеюму ҷоизаи биринҷиро Даниэл Ясински (67,05 метр) ба даст оварданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.