Мессӣ 2 сол ҳабс ва 2 миллион евро ҷарима шуд

Ҳамалгари дастаи Барселона ва тими миллии Аргентина Лионел Месӣ ба 1 соли 9 моҳи зиндон маҳкум шудааст.

Ӯро додгоҳи шаҳри Барселона ба гуноҳи напардохтани андоз ва саречӣ аз падохти андоз ба 1,9 моҳ ҳабс кардааст.

Ин ҳукм 6 июли соли ҷорӣ аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Барселона содир шуд. Додгоҳи ин шаҳр дар як баёния гуфтааст, Мессӣ ва падараш дар се мавриди сарпечӣ аз пардохти андоз муҷрим шинохта шудаанд. Падари Мессӣ низ барои 1,9 моҳ, яъне баробари ҳукми Мессӣ ба ҳабс маҳкум шудааст.

Вале бар асоси қонунҳои Испания ҳукми додгоҳ агар то ду сол бошад, маҳкумшуда метавонад, онро ба сурати шартӣ иҷро кунад. Яне, ин ба он маъност, ки Мессӣ ва падараш равонаи зиндон намешаванд. Ҳоло Мессӣ ва  падараш вақт доранд, ки аз болои додгоҳи Испания ба додгоҳи Олии Испания шикояти истинофӣ баранд.

Ҳамчунин, додгоҳ Мессиро  2 миллион евро ва падарашро 1, 5 миллион евро ҷарима кардааст.

Месси дар бозиҳои қитъаи Аврупо дар ҳангоми зарбаи ёдаҳметра ба иштибоҳ роҳ дод ва ин боис шуд, ки тими миллии кишвараш-Агентина бозиро бо рақибаш Чили бибозад. Баъди ин қазия Мессӣ гуфт, ки аз тими миллии Аргентина канор меравад. Ин тасмими Мессӣ Президенти Аргентина ва Марадона раҳбари дастаи миллиро ғамгин кард ва онҳо аз ӯ хостанд, ки тими миллии кишварашро тарк накунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *