Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мессӣ аз тими мунтахаби кишвараш канор меравад

Лионел Мессӣ, футболбози дастаи Барселона ва тими мунтахаби Агентина гуфтааст, дигар аз бози кардан дар дастаи мунтахаби кишвараш дар бозиҳои байналмилалӣ канор меравад. Ӯ гуфт, дигаи бози кардан дар дастаи мунтахаби Агентина бароям тамом шудааст.

Мессӣ  замоне  ин тасмимро мегирад, ки муваффақ нашуд дар финали Ҷоми қаҳрамонии қитъаи Амрико зарбаи 11-метрии худро ба даврозаи рақиби Агентина Чиллӣ ворид кунад. Вай гуфт:» Ҳар он чи ки дар тавон доштам, анҷом додам. Қаҳрамон нашудан дарднок аст».

Бояд гуфт дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми қаҳрамонии қитъаи Амрико Чиллӣ муваффақ шуд зарбаи 11-метрии 4 бар 2 пирӯз ва қаҳрамони ин давра шавад. Тими мунтахаби Чиллӣ дастаи мунтахаби Колумбияро шикаст дод ва ба бозиҳои ниҳоӣ роҳ ёфт. Бояд гуфт ин дувумин бор аст, ки Чиллӣ дар  бозии Ҷоми қаҳрамонии қитъаи Амрико ба қаҳрамонӣ даст меёбад.

Мессии 29-сола, бо бозӣ кардан дар муқобили Чиллӣ 112 бор буд, ки барои тими мунтахаби Аргентина бозӣ кард. Ӯ дар соли 2005 барои аввалинбор пироҳани тими мунтахаби кишварашро ба тан карда буд. Ҳоло қарор аст, ӯ аз бозӣ дар дастаи миллии кишвараш канор биравад.

 

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.