Месси ва Пике якдигарро таҳқир намуданд

Ҳангоми тамринҳои даставӣ дар варзишгоҳи Кампнов байни бозингари дастони “Барселона” Месси ва ҳимоятгари даста Жерар Пике ҷанҷоли лафзӣ ба вуҷуд омад. Дар ин бора сомонаи расмии “AS” хабар медиҳад.

Аз рӯйи маълумоти сарчашма, нофаҳмӣ ҳангоми машқи пагоҳирӯзии бошгоҳи «Барселона» рух додааст. Гуфта мешавад, ки бозингарон якдигарро беадабона таҳқир намуда қариб буд якдигарро луту кӯб мекарданд, аммо бо дахолати ҳамдастагон вазъ ором гардида ба тамринҳо идома доданд.

Бояд гуфт, ки бо омодани сармураббии нав Эрик Сетйен дар бошгоҳи каталонӣ вазъи шаддид ҷараён дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *