Муъҷизаи 1-уми майи Месси: аввалин гол-2005 ва 600 гол-2019 дар Барселона

Месси дар нахустин бозии худ аввалин голашро ҳамчунин 1-уми майи соли 2005 бар зидди бошгоҳи “Албасете” ба самар расонида буд.

Бошгоҳи “Барселона” дар бозии аввали даври ½ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо тими “Ливерпул”- ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Аз ҳайати ғолибон сарвони даста Лео Месси муаллифи дубл шуда, голи 600-уми худро дар корномааш ба самар расонид.

01/05/2005: Lionel Messi scores his first Barcelona goal.

01/05/2019: Lionel Messi scores his 600th Barcelona goal

Месси дар нахустин бозии худ аввалин голашро ҳамчунин 1-уми майи соли 2005 бар зидди бошгоҳи “Албасете” ба самар расонида буд.

Лионел Месси 24 июни соли 1987 дар шаҳри Росаиро, Аргентина ба дунё омадааст. Падараш Хорхе Орасио Месси, модараш Селия Мария Месси мебошад. Месси футболро аз панҷсолагиаш дар клуби «Грандол» сар кард. Дастпарвари академияи футболи «Барселона», дар ҳайати асосии «Барселона» аз синни 17-солагиаш бозӣ мекунад.

Ҳамроҳи «Барселона» 4 маротиба ғолиби Лигаи чемпионҳои УЕФА, 8 бор соҳиби ҷоизаи чемпиони Испания, 4 маротиба соҳиби Ҷоми Испания, 4 маротиба соҳиби Суперҷоми Испания, 3 маротиба соҳиби Суперҷоми Аврупо, 3 маротиба соҳиби чемпионати ҷаҳон байни клубҳо гаштааст. Лионел Месси 5 маротиба голзани беҳтарини Лигаи чемпионҳо ва 3 маротиба чемпионати Испания буд.

Солҳои 2005 ва 2007—2013, 2015 ӯ «Бозигари беҳтарини сол дар Аргентина», дорандаи 7 ҷоиза барои «Бозигари беҳтарини аргентинӣ дар хориҷи кишвар» аст. Солҳои 2007, 2009, 2010 ва 2011 «Бозигари беҳтарини чемпионати Испония» буд.

Лионел Месси соли 2009 беҳтарин «Бозингари тимҳои клубии Аврупо» ва ҳуҷумкунандаи Лигаи чемпионҳои Аврупо шинохта шуд. Ҳамон сол ӯ соҳиби мукофоти ФИФА «Тӯби тиллоӣ» («France Football») ҳамчун футболбозӣ беҳтарини Аврупо ва унвони «Бозингари сол, ФИФА» ҳамчун футболбозӣ беҳтарини ҷаҳон аз рӯи баҳои (версияи) ФИФА шинохта шуд. Соли 2010 соҳиби унвони «Футболбози беҳтарини ҷаҳон» соҳиби мукофоти ФИФА «Тӯби тиллоӣ» (ва «France Football»). Соли 2011 соҳиби унвони «Беҳтарин бозингари клубии Аврупо» ва соҳиби «Тӯби тиллоии ФИФА» гардид. Дар соли 2012 ӯ аввалин футболбозе гардидааст, ки 3 маротиба дорандаи мукофоти ФИФА «Тӯби тиллоӣ» (ва «France Football») ва мукофоти «Бутсаи тиллоӣ» (2010, 2012 ва 2013, мукофот барои нишонзани беҳтарин дар чемпионати дохилии Аврупо соле 1 маротиба супорида мешавад.) гардидааст.

Рекордҳои Месси

  • Ягона футболбозе, ки дар баробари Криштиану Роналду дорандаи 5-каратаи мукофоти ФИФА «Тӯби тиллоӣ» («France Football») аст.
  • Голзани беҳтарин дар таърихи тими «Барселона»: 502 гол (2016)
  • Голзани беҳтарин дар таърихи тими «Барселона» (бозиҳои расмӣ): 467 гол (2016)
  • Голзани беҳтарин дар таърихи чемпионати Испания: 383 гол (2018)
  • Голзани беҳтарин дар таърихи суперҷоми Испания: 12 гол (2016)
  • Голзани беҳтарин дар таърихи суперҷоми Испания: 3 гол (2016)
  • Ҷавонтарин бозингар дар таърихи тими мунтахаби Аргентина, ки дар чемпионати ҷаҳон гол задааст (18 солаву 357 рӯза)
  • Ҷавонтарин футболбозест, ки соҳиби мукофоти ФИФА «Тӯби тиллоӣ» («France Football») гаштааст (24 солаву 199 рӯза)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *