Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муборизаи Роналду, Месси ва Левандовски барои унвони беҳтарин футболбоз

Федератсияи байналмилалии футбол -ФИФА барои дарёфти ҷоизаи беҳтарин футболбози соли 2020 сегонаи номзадонро пешниҳод кард. Барои соҳиб шудани унвони беҳтарин футболбози сол ҳуҷумкунандаи тими мунтахаби Португалия ва бошгоҳи «Ювентус» -и шаҳри Турин Криштиану Роналду, ҳамлагари тими мунтахаби Аргентина ва дастаи «Барселона» -Лионел Месси ва форварди мунтахаби Лаҳистон ва тими «Бавария» — Роберт Левандовски мубориза хоҳанд бурд. Хабар медиҳад сомонаи varzishtv.tj

Тибқи иттиллои манбаъ барои ҷоизаи ФИФА ба ҷуз аз ин се нафар, ҳамчунин ниммуҳофизатгари дастаи “Ливерпул”-Тяго Алкантара , ниммуҳофизатгари бошгоҳи “Манчетер Сити” -Кевин де Брейне , ҳуҷумкунандаи сенегалии бошгоҳи “Ливерпул” -Садио Мане , ҳамлавари дастаи “Пари Сен-Жермен” — Килиан Мбаппе , сарвони тими милли Бразилия — Неймар Ҷуниор, дифоъгари бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” -Серхио Рамос, ҳамлавари мисрии дастаи “Ливерпул” -Муҳаммад Салоҳ ва муҳофизатгари тими миллии Ҳолланд — Вирҷил ван Дейк довталаб буданд. Ҳамчунин дар маросими ҷоизасупорӣ беҳтарин дарвозабон, беҳтарин сармураббӣ , беҳтарин футолбоззан ва беҳтарин футболбози сол муайян карда мешавад.

Номзадҳо барои ҷоизаи беҳтарин дарвозабони сол:

Ян Облак -(Сербия, «Атлетико Мадрид»),

Алиссон Беккер- (Бразилия, «Ливерпул»),

Мануэл Нойер -(Олмон, «Бавария»).

Номзадҳо барои ҷоизаи беҳтарин сармураббии сол:

Марсело Бйелса- (Аргентина, «Лидс Юнайтед»),

Ҳанс-Дитер Флик -(Олмон, «Бавария»),

Юрген Клопп -(Олмон, «Ливерпул»).

Номзадҳо барои беҳтарин футболбоззани сол:

Люси Бронз -(Англия, «Манчестер Сити»)

Пернилла Ҳардер -(Дания, «Челси»)

Венди Ренар -(Фаронса, «Лион»)

Номзадҳо барои беҳтарин футболбози сол:

Криштиану Роналду – (Португалия, “Ювентус”)

Лионел Месси- (Аргентина, “”Барселона)

Роберт Левандовски- (Лаҳистон, “Бавария”)

Ёдовар мешавем, соли гузашта Месси беҳтарин бозигари сол эълон шуда буд. Ӯ барои дарёфти ин ҷоиза аз Роналду ва Вирҷил ван Дейк пеш гузашт. Месси шаш бор ва Роналду панҷ бор беҳтарин бозигари сол аз рӯи фарзияи ФИФА эътироф шудаанд. Маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои соли 2020 аз рӯи фарзияи FIFA 17-уми декабр доир мегардад. Ба далели пандемияи коронавирус чорабинӣ дар шакли онлайн баргузор мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.