Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муин Ғафуров Замораро шикаст дод (видео)

Муин Ғафуров бо тахаллуси “Тоҷик” намояндаи Коста-Рика Уолтер Замораро мағлуб кард.

 Муҳорибаи ахири “Тоҷик”шоми 15-уми январ,  соати 19:00 бо вақти Душанбе дар шаҳри Абу-Даби Илоёти Мутаҳидаи Араб дар Ҷиу Ҷитсу арена доир гашт.

Варзишкори тоҷик дар ин муҳориба пешсаф буд ва аз худ маҳорати баланд нишон дод. Дар охир бо қарори доварон Муин Ғафуров ғолиб дониста шуд.

Муин Ғафуров варзишгари ҷавон ва серҷоизатарин миёни варзишкорони кишвар дар ин намуди вазриш мебошад.

Ӯ ҳамагӣ 25 сол дорад, аммо дар ин синну сол ба чандин мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардида, рақобатҳои сатҳи ҷаҳониро ба нафъи худ анҷом додааст.

Муин қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбои ҳарбӣ (WCSF), қаҳрамон ҷаҳон оид ба  грепплинг (FILA), қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи MMA (WKA) мебошад.

Вай ҳамчунин барандаи унвони Устоди варзиши самбои ҳарбӣ низ ҳаст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.