Муртазои шашсола бо Месси вохӯрд

Кӯдаки панҷсолаи афғон Муртазо аввали соли равон, ки бо халтаи селофанӣ шабеҳи пироҳани футболбози номӣ Лионел Мессиро сохта ба бар мекард, дар Қатар бо намунаи ибраташ мулоқот кардааст.
Месси дар ҷавоб ба ӯ ду футболкаро бо рамзҳои «Барселона» ва мунтахаби Аргентина таҳти рақами 10 туҳфа фиристода буд. Хафтаи гузашта номи Муртазо ва Месси боз дар сархати рӯйдодҳои варзишии расонаҳои хабарии олам вирди забонҳо гашт.
Муртазои шашсола чанде пеш бо роҳбарии масъулони Федератсияи футболи Афғонистон ба шаҳри Доҳаи Қатар парвоз карда, ахиран ба дидори Мессии писандидааш мушарраф гашт ва бозии Лионелро дар вохӯрии намоишӣ тамошо кард.
Шореҳи «МИР 24» Яна Сарегородсева дар хусуси ин рӯйдод муфассл иттилои васеътаре додаст. Муртазо ҷонашро дар хатар монда вале ба орзуяш расид. Ҷангиёни исломӣ аз нияти фанати хурдсол хабар ёфта, ҳангоми сафараш ба воситаи Покистон ба ӯ таҳдид намуданд.
Муртазо шоҳиди голи зебои Месси дар вохӯрии мазкур шуда, шодӣ мекард. Мессӣ бояд ба ваъдаи дигари додааш, ки Муртазоро ба тамошои варзишгоҳи «Барселона» — «Камп Ноу» мебарад, вафо намояд.
Э. Назаров

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *