Муса Мусалаев аз суйқасд ба ҳалокат расид

23-юми ноябр нашрияи Augsburger Allgemeine-и Олмон иттилоъ дод, ки дар шаҳри Ной-Улми Баварияи Олмон варзишгари Русия Муса Мусалаев, чемпиони бисёркаратаи ҷаҳон оид ба кикбоксинг, аз тариқи суйқасд кушта шудааст.
Бинобар иттилои манбаъ суйқасд ҳанӯз 18 ноябр ба амал омадааст. Мусалаевро ҷинояткори ниқобпӯш дар даромадгоҳи хонааш паронда, мошинсавор гурехтаст. На мошину на қотилу ронанда то ҳол ошкор карда нашудаанд.
Augsburger Allgemeine зикр менамояд, ки овозаҳо дар бораи робитаи Мусалаев бо «мафияи рус» ба миён омадааст. Аммо дар ин бобат ягонг иттилои аниқ вуҷуд надорад.
Пулиси Олмон дар рафти тафтишот робитаи ин суйқасдро бо куштори дигар чемпиони кикбоксинг дар шаҳри Битигхайм-Биссингени замини федералии Баден-Вюртемберг аз Казоқистон Сергей Н. тафтиш дорад. Ин куштор низ то ҳол кунун кушода нашудааст.
Муса Мусалаев варзишгари тотор, ки бо лақаби «Принс» ё «Принси Тотористон» машҳур буд, соли 1979 дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба дунё омада, аз соли 2013 дар Олмон ба сар мебурд. Ӯ ғолиби мусобиқаҳои ҷаҳонии кикбоксинг дар фарзияҳои гуногун буда, дар муҳорибаҳои омехта ва бокси тайӣ низ чемпион будааст. Пас аз анҷоми варзишгарӣ соли 2013 бо аҳли оилааш сукунати Олмонро ихтиёр карда буд.
Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *