Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нашъамандон барои ИМА ва Британияи Кабир 14 медали олимпӣ оварданд

Дӯстдорони варзиш аз ҷанҷолу хархашаи Созмони умумиҷаҳонии зиддидопингӣ ВАДА (WADA)-ро нисбат ба 67 варзишгари сабуки Русия, ки бо ҷурми истифодаи маводи мамнуи мелдоний ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейрои Бразилия-2016 роҳ дода нашуданд, ҳоло фаромӯш накардаанд.
Мутахассисон ва мухлисони варзиш хуб мефаҳманд, ки дар арсаи байналмилал ба хирси каҷпо шабеҳ додани Русия образи дӯстдоштаи сиёсатмаобони Ғарб мебошад. Он рӯзҳо вазъияти мунтахаби олимпии Русия хирси захмхӯрдаеро мемонд, ки шикорчиён мехостанд ӯро батамом маҳв сохта, пӯсташро ба қочоқ баранд. Сиёсатмадорон аз таҳримҳои андешидаашон нисбат ба хирси каҷпои рус қонеъ нашуда, ин дафъа хостанд ба воситаи варзиш онро рому мутеъ созанд. Ва инро ба тавассути WADA пиёда карданӣ шуда, «алами Мӯсоро аз Исо гирифтанд».
Ба ростӣ, аз ин таҳрими навбатӣ сиёсатмадорони Ғарб то андозае ба ҳадаф расиданд. Аммо аз лиҳози дастовардҳои олимпӣ дар арсаи олам зинаи чорумро соҳибӣ кардани мунтахаби Русия онҳоро муттаҳам сохт.
Олимпиадаи Рио-де-Жанейро-2016 бомуваффақият ба анҷом расиду ҳама ҷанҷоли зиддидопингиро гӯё фаромӯш мекарданд. Аммо як ҳафта аст, ки дар атрофии он ҷанҷолу ҳангомаи тоза сар зад. Тавре сомонаи sport.mail.ru ва дигар сомонаҳои варзишӣ иттилоъ паҳн карданд, гурӯҳи хакерии Fancy Bears ғайричашмдошт базаи WADA-ро рахна зада, рӯйхати аввалин 25 варзишгари 8 кишвари иштирокчии Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-2016-ро ошкоро ба табъ расондааст, ки гӯё WADA ба онҳо истифода бурдан аз маводи мамнуъи допинги нерубахшро иҷозат дода будааст. Ба рӯйхат боксчӣ Миша Алоян (Русия,), теннисбозон Бетани Маттек-Сэндс (ИМА) ва Петра Квитова (Чехия), баскетболбоз Бриттни Грайнер (ИМА,), шиноварон Ҷон Конгер, Кэтлин Бейкер (ИМА), Блюм Пернилле (Дания), Франсиска Хентке, Кристиан фон Лен, Кристиан Райхерт (Германия), шамшерзан Дагмара Возняк (ИМА), варзишгарони сабук Диана Прайс, Мишел Картер (ИМА), Роберт Хартинг, Кристина Обергфёлл (Германия), тӯббоз дар об Макквин Бэрон (ИМА), ҷаҳанда ба об Сэм Дорман (ИМА), куштигир Длагнев (ИМА), велосипедронҳо Брэдли Уиггинс, Кристофер Фрум (Британияи Кабир), голфбоз Чарли Халл (Британияи Кабир,), регбибоз Хизер Фишер (Британияи Кабир ), қаиқсаворон Сэм Таунсенд (Британияи Кабир), Наталья Мадай (Полша) ва Роксана Когиану (Руминия) шомил карда шудаанд. 14 нафари онҳо медалҳои олимпиро сазовор шудаанд.
Қабл аз ин, ошкор шуда буд, ки ба мақсади табобати терапевтӣ истифодаи маводи мамнӯъро барои теннисбозони амрикоӣ Серене ва Винус Уильямс, гимнастчибону Симоне Байлз ва баскетболбоз Елена Делле Донн иҷозат додаанд.
15 сентябр «Би-би-си» бо такя ба Агентии зиддидопингии Британияи Кабир хабар дод, ки 53 нафар аз 366 олимпичии бритонӣ иҷозати истифодаи маводи мамнӯъро аз WADA гирифта будаанд.
Мансабдорони WADA дар ин фошкунӣ ҷониби Русияро айбдор карданӣ шуда, ягон далел пеш намеорад. Вале аз Ҳукумати Русия хоҳиш доранд, ки ба хакерҳои паҳнкунандаи чунин ахбор таъсир расонанд. Мансабдорони варзиши Ғарб, ки варзишгарони Русияро беасос барои истеъмоли допинг айбдор мекарданд, акнун умед доранд, ки Русия барои ҳифзу ҳимояи хазинаҳои иттилоотии WADA аз ҳуҷумҳои хакерҳо ҳавасмандӣ зоҳир мекунад.
13 сентябр гурӯҳи хакерии «Fancy Bears» як қисми асрори допинги Ғарбро ба табъ расонд, ки домани ҷиноятҳои содирнамудааш касро ба ҳайрат меорад. Теннисбозони амрикоӣ — хоҳарон Серена ва Винус Уилямсҳо, гимнастбону Симона Байлз, баскетболбоз Елена Делле Донн барои истифодаи маводи мамнӯи допингӣ фош шуда бошанд ҳам, ба мусобиқоти Рио роҳ дода шуданд. Ташхисгарон дар хуни онҳо маводи мухаддирро ошкор карданд! Яъне, чанд медали тиллоро ба хазинаи мунтахаби ИМА нашъамандони ашаддӣ оварданд!
Умуман, дар сиёсатбозии Ғарб ҳамаҷониба айбдор донистани Русия мӯд шудааст. Сарвари кумитаи бехатарии дохилии палатаи намояндагони ИМА Майк Маккол ҳафтаи гузашта изҳор дошт, ки хакерҳои русиягӣ серверҳои партияҳои демократӣ ва республикавиро низ кушодаанд. Директори коммуникатсияи партияи республикачиён Шон Спайсер ин маълумотро дурӯғ номида, рад кард.
Ҳақиқати ногувор ба мансабдорони Ғарб ҳар хел таъсир мерасонад. Яке аз Русия хоҳиш мекунад, ки ба хакерҳо таъсир расонад, дигаре ба мисли намояндаи расмии Қасри Сафед Эрнест, ваъда медиҳанд, ки рахнагарон (хакерҳо)-ро ёфта, ҷазо хоҳанд дод. Аз ин бармеояд, ки мансабдорони Ғарбро дар ғафлат монда, обилаи дарднокашонро зер намудаанд.
WADA ҳақиқати маълумоти хакерҳоро тасдиқ намуда бошад ҳам, ВАО-и Ғарбу ИМА гурӯҳи хакерии Fancy Bears-ро ба Кремл нисбат медиҳанд. Онҳо иддао доранд, ки Москва барои ба Паралимпиадаи Рио-2016 роҳ надодани варзишгарони маъюбаш қасд меситонад.
Шореҳи Bloomberg Леонид Бершидский аз WADA даъват ба амал овардааст, ки равиши иҷозатдиҳии истифодаи маводи мамнӯъро барои варзишгарони алоҳида ба таваҷҷуҳи ҷомеа расонад, то ин ки ҳамаи шубҳаҳоро аз худ дур намояд.
Кремл дар навбати худ иддаои Ғарбро рад намуда, мегӯяд, ки дар ин бора даҳон кушодан асосе вуҷуд надорад. «Қатъиян мегӯям, ки Москваи расмӣ, Ҳукумат ё дигар хадамоти Русия ба чунин амал даст намезананд, — гуфт чоршанбеи гузашта котиби матбуотии Кремл Дмитрий Песков. – Москва омода аст, ки дар мубориза бо хакерҳо ба WADA мадад расонад». Агар хакерҳои Русия гунаҳгор мебуданд, ҷоизадори нуқрагини Рио, боксчии ҳамватанашон Миша Алоянро ба ин рӯйхат менавиштанд? Канӣ мантиқ?!
Президенти Русия Владимир Путин бошад, дар ҳамоиши кишварҳои узви ИДМ, ки ба 25-солагии Иттиҳоди мазкур дар Бишкек ҷараён дорад, иброз дошт, ки Созмони умумиҷаҳонии зиддидопингӣ барои «варзишгарони тоза» мубориза бурда, ҳамзамон ба даҳҳо варзишгарони номии ИМА ва Британияи Кабир истифодаи маводҳои мамнӯъро иҷозат додааст, ки онҳо ба медалҳои олимпӣ сазовор гаштаанд. Аммо варзишгарони маъюби як кишварро аз иштирок дар Паралимпиадаи Рио-2016 тамоман маҳрум карда шудаанд, ки хилофи гуфтори WADA мебошад.
Дар ин росто, гурӯҳи хакерии Fancy Bears рӯйхати сеюми варзишгаронеро, ки WADA ба онҳо истеъмоли маводҳои мамнӯъро иҷозат додаст, ба табъ расонд. Ба ин рӯйхат 11 ҷоизадори Олимпиадаи Рио-2016 боксчизан Никола Адамс (Британияи Кабир, велосипедрон Лора Трот (Британияи Кабир), шиновар ба масофаи 200 метр Шивон-Мари О’Коннор (Британияи Кабир ), қаиқронии академӣ Оливия Карнеги-Браун (Британияи Кабир), шиновар дар эстафетаи 4х100 метр Ҷанетт Оттесен (Дания), қаиқронони академикӣ Ким Бреннан (Австралия),- Александр Белоногов (Австралия), велосипедрон Ҷек Бобриҷ (Австралия), шиноварӣ ба масофаи 200 метр баттерфляй Мирея Белмонте Гарсия (Испания), тирпарон аз камони пневматикӣ ба масофаи 10 метр Юлиан Юстус (Германия), теннисбоз Лаура Зигемунд (Германия) навишта шудаанд.
Гурӯҳи хакерии Fancy Bears гуфтааст, ки метавонад рӯйхати гурӯҳи чоруми варзишгарони истеъмолкардаи маводи мамнӯъро ба таваҷҷуҳи васоити ахбори омма расонад.
Дар акс: Хоҳарон Винус (аз рост ба чап) ва Серена УИЛЯМС, ки барои истифодаи маводи мамнуи допинг иҷозати ВАДА-ро гирифйтаанд.

Эмом НАЗАРОВ,
«Тоҷикистон»

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.