Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нимтанаи 100-ҳазордолларии Ҳабибро домоди Президент харидааст

Нимтанаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов (Нурмагомедов), варзишкори маъруфи доғистонӣ дар муҳорибаи бидуни қоида моҳи сентябри соли равон дар як музояда бо арзиши 100 ҳазор доллар ба фурӯш рафт. Ин нимтанаро ӯ баъди муҳориба бо Дастин Поре пӯшида буд.

Он замон фурӯши як нимтана ба маблағи калон ва ифшо нашудани номи муштарӣ баҳсҳоеро ба бор оварда буд. Хабарнигорони RT Sport нимтанаро 24 декабр дар шаҳри Тошканд пайдо карданд.

Ба гуфтаи рӯзноманигорон, соҳиби кунунии нимтанаи садҳазордолларӣ Отабек Умаров, домоди хурдии президенти Ӯзбекистон ва муовини раиси Хадамоти амнияти раисҷумҳури ин кишвар аст.

Умаров ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки нимтанаи Ҳабибро ба ӯ туҳфа кардаанд. Вале нагуфтааст, ки кӣ онро туҳфа кард.

Телевизиони русии RT Sport 24 декабр дар гузориш нишон дод, ки нимтанаи Нурмуҳаммадов дар клуби варзишии «BeFit»-и шаҳри Тошканд овезон аст. Бино ба баъзе аз хабарҳо, ин клуб ба Умаров тааллуқ дорад.

«Ин нимтанаро ба мо туҳфа карданд ва тасмим гирифтем, онро дар клубе овезем, ки онҷо бо варзиш машғулем. Дар ин клуб варзишкорони ҳирфаӣ ва қаҳрамонҳо низ тамрин мекунанд. Ба қароре омадем, ки макони ин нимтана ҳамин ҷост», — гуфтааст Умаров.

Домоди президенти Ӯзбекистон дар посух ба суоли рӯзноманигор, ки метавонад номи муштарии нимтанаро ошкор кунад, гуфт, «ин одам хост, номаш бурда нашавад ва нимтанаро дар ҷараёни сафари Ҳабибу тимаш ба Ӯзбекистон туҳфа карда буданд», — изҳор дошт ӯ.

Муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо Дастин Поре 7 сентябри соли равон дар шаҳри Абудабии АМА баргузор шуд. Ҳабиб баъди шикасти рақиби худ бо ин нимтана ба майдон баромада буд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.