Нобиғаи занбоз: Рамос 4 бор арӯсӣ кардааст

Ҳимоятгари испанӣ, капитани клуби футболи шоҳонаи “Реал Мадрид” Серхио Рамос яке аз бомаҳораттарин ҳимоятгар дар таърихи футболи Испания ба ҳисоб меравад. Номи ӯ дар қатори легендаҳои футболи асри кунунӣ, ба мисли Роналдо ва Месси сапти “китоб”-и таърихи футбол гардидааст. Рамоси бомаҳорат бо дастаи мунтахаби худ ду маротиба чемпиони Аврупо ва як маротиба чемпиони ҷаҳон гардидааст. Ӯ дар карйераи варзишии худ 720 маротиба ба майдон баромада, ба дарвозаи рақибон 81 гол задааст.  

 Наврасӣ ва мактабхонӣ

Серхио Рамос Гарсия 30 марти соли 1986 дар шаҳри Камаси Испания ба дунё омадааст. Падари варзишгар дар яке аз холдингҳои тиҷоратӣ менеҷер шуда кор мекар ва модараш бошад, дар хона ба тарбияи варзандон машғул буда, дар ҳеҷ ҷой фаъолият намекард. Рамос дар оила фарзанди хурдӣ буда, як бародар бо номи Рене ва як  аппа бо номи Мириям дорад. Кам нафароне мушоҳида кардаанд, ки дар дасти рости Рамос номи бародару апааш холкӯбӣ шудаанд, ки ин далолати меҳру муҳаббати футболбоз нисбати оила ба ҳисоб меравад.

  Фаъолияти футболбозии Рамос аз дастаи баччагонаи “Севиля” оғоз меёбад, вале дар як бозӣ ӯ нохост аз зонуяш сахт ҷароҳат мебардорад ва ин ҳодиса падарашро нигарон карда, дигар намегузорад, ки Рамоси наврас фаъолияти футболбозиашро идома диҳад, аммо кӯшишу ғайрат ва иродаи мустаҳками ин футболбоз падарро дубора розӣ мекунонад. Ҳамин тавр, баъди табобати тӯлонӣ боз дубора Серхио ба майдони сабз мебарояд.

   Дар бораи ҳаёти Рамос фактҳои аҷиб ҳам кам нест. Масалан,  ӯ имтиҳон аз фанни биология ва экологияро соли 2014 баъди чандин сол баъд аз хатми мактаб супоридааст, ӯ дар байни муҳофизатгарон аз ҳама бештар корти сурх гирифтааст ва аз ҳама бештар ҳамлаварони асосиро дар майдон қасдан аз пой афтондааст. Ба ҳамин хотир, ӯро бачаи бади футбол низ мегӯянд.

Оғози муваффақиятҳо

Соли 2004 дар ҳайати дастаи “Севиля” Рамос натиҷаовартарин бозингар дониста мешуд ва инро метавон оғози корнамоиҳои бузург дар дафтари хотироти як бозингари бузург маънидод кард.  Мавсими солҳои 2004-2005 барои Рамос хубу бобарор сипарӣ шуданд, чун ӯ дар ин мавсим дар тамоми бозиҳо иштирок кард ва 31 маротиба аз ҳайати асосӣ ба майдон баромад. Дар миёнаи соли 2005 ӯро ба ҳайати ҷавонони мунтахаби Испания даъват намуданд, ки ин як қадами дигари самти майдонҳои бузург ба ҳисоб мерафт.

   Баъд аз корнамоиҳои бузургаш дар дастаи мунтахаб, диққати абардастаҳои Аврупо, монанди “Ливерпул”, “Манчестер Юнайтед”, “Реал Мадрид” ва “Ювентус”-ро ба худ ҷалб намуд. Дар трансфер (гузариш)-и тобистонаи соли 2005 ӯ ба маблағи 27 млн. эвро ба дастаи шоҳонаи “Реал Мадрид” гузариш намуд.

  Дар дастаи ҷадиди худ зуд одат кард ва аллакай моҳи декабри ҳамон сол дар лигаи чемпеонҳои Аврупо аввалин голи худро таслими дарвозаи “Олимпиакос” намуд. Мавсими солҳои 2005-2006 Рамос баҳтарин муҳофизатгари сол дар Испания эълон гардид. Соли 2011 варзишгар бо “Реал Мадрид” дубора шартнома баст ва маоши яксолааш 4, 5 млн. эвро муқаррар гардид.

    Соли 2016 бошад, дастаи шоҳона бо Рамос то соли 2020 шартнома баст ва худ ҳамон сол баъди рафтани сарбони “Реал Мадрид” Икер Касилес вазифаи сарбониро ба уҳдаи ӯ гузоштанд. Дар финали лигаи чемпионҳои Аврупо рақиби “Реал” дастаи дигари шаҳри Мадрид “Атлетико Мадрид” ба ҳисоб мерафт. Муқобили рақиби сарсахте чун “Атлетико” бозӣ кардан басо душвор буд, вале Рамоси моҳир тавонист бо голи задаи худ дастаи шоҳонаро чемпиони Аврупо гардонад.

Зиндагии шахсӣ

Дар зиндагии оиладорӣ бахт барои Рамос омад накард, зеро ӯ чор маротиба хонадор шудааст.  Ӯ аввалин маротиба бо зебосанами Испания (Мисс Испания-2006) Элизабет Рейс оиладор шуд, вале бо сабабҳои номаълум баъди як соли зиндагӣ аз ҳам ҷудо шуданд.

Бори дувум бошад, бо актирисаи машҳури испанӣ Бланкой Ромеро оила бунёд кард. Ҳавову ҳаваси ҷавонӣ ва шуҳрату шон Рамосро духтарбози гузаро карда буд, зеро вай дар кӯтоҳтарин муддат ошиқи зори жуналисти телевезион Лара Алварес гардид ва аз актриса ҷудо шуда, ба журналист хонадор шуд. Зиндагии Лара ҳам бо Рамос дер давом накард, чунки дили Рамосро ин дафъа модели машҳур Пиол Руби бурда буд ва ба ҳамин хотир аз Лара ҷудо шуда, бо Руби аҳди ёрӣ баст. Рамос бо Руби соли 2013 расман ақди никоҳ баст. Варзишгар танҳо аз ҳамсари охирини худ соҳиби ду писар Рамос (хурд)-ӣ ва Марко гардид. Соли 2015 футболбоз аз ҳамсари охирини худ ҳам ҷудо шуда,  айни замон дар танҳои зиндагӣ мекунад.

Таҳияи Яҳё  Маҳмаднабиев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *