Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳофизи ҷавоне, ки 150 футболбозро сарпарастӣ мекунад

Сарпарастони варзиши тоҷик дар кишвар аз зумраи соҳибкорони кишвар кам нестанд. Бахусус дар федератсияҳои варзишӣ яке сарвари корхонаи сементбарорӣ, дигаре роҳбари  кони тиллои Шугнов, сеюмӣ тоҷиру чорумӣ варзишгари шинохта… мебошанд.  Вале аз санъаткору ҳофиз ягон нафари багурда сарпарастии варзишро ба зимма гирифта набуд. Ҳофизи ҷавон Наимҷони Сайдалӣ нахустин ҳунарманде дар варзиши  тоҷик маҳсуб меёбад, ки ду дастаи футбол ва даҳҳо футболбозбачаро дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон (ҷамъулҷамъ 150 нафар) сарпарастӣ мекунад.

Мо аз чунин иқдоми хайрхоҳонаю ватандӯстонаи Наимҷони Сайдалӣ дар ҷараёни иштирокаш дар озмуни 10 сарояндаи маъруфтарини Тоҷикистон, ки сомонаи «Tajikitantimes» таҳти номи  «Ягона аз даҳгона»  ҳафтаи гузашта ҷамъбаст карду Наимҷон ғолиби озмун эътироф шуд,  воқиф гашта, боварамон наомад. Аз ин рӯ, суҳбати сарироҳие оростем бо Наимҷони Сайдалӣ.

-Наимҷон, муборак  шавад туро ҷоизаи «Ягона  аз даҳгона, ки барҳақ арзандааш ҳастӣ!

– Саломат бошед, ака!

– Аз  «Оила» хондам, ки Наимҷони Сайдалӣ  сарпарастии дастаи футболи ноҳияи Бохтарро ба уҳда гирифтааст. Ин ташаббус чӣ тавр пайдо шуд?

– Аз овони бачагӣ дар Бохтар, ки  зодгоҳам мебошад, бо ҳамсолон футбол мебозидам. Шароити бозиамон хеле бад буду орзу мекардем, ки ягон кас бароямон бутсӣ ва сарулибоси футболбозӣ харида диҳаду  мо як команда шуда, шуҳрати шаҳраку ноҳияамонро дар мусобиқаҳо ҳифз намуда тавонем. Аммо касе пайдо нашуд, ки ба амалишавии орзуямон сабаб шавад.

Пас аз хатми донишгоҳ сарояндагиро касб карда, вазъи молиявиамро беҳтар намуда, ба ноҳия баргаштам. Дидам, ки ҳамон варзишгоҳи меросии советӣ ноободу асту ноҳия ҳоло ҳам дастаи футболи худро надорад.  Аз ин рӯ, пеши худ мақсад гузоштам, ки дастаи футбол таъсис бидиҳам. Ба ҷавонони футболбози шаҳраки Октябр гуфтам, ки агар команда ташкил намоем, ман шуморо маблағгузорӣ мекунам. Ҳамин тавр, дастаи 11-нафараи шаҳракро таъсис дода, барои вохӯриҳо бо дастаҳои ҳаваскори қишлоқу ҷамоатҳо мерафтагӣ шудем. Мутахассисони футбол азми қатъии маро баҳри рушди футбол дар Бохтар дида, маслиҳатам доданд, ки барои сайқали маҳорату донистани техникаи футбол ягон мураббии арзандаро ба даста ҷалб созам. Ба даста собиқ футболбози шинохтаи «Вахш» ва мунтахаби ҷавонони кишвар, чемпиони Осиё миёни ҷавонони 16-сола  Умед Шарифовро мураббӣ гирифтаму аъзои даста батадриҷ ба 25 нафар расид. Барои мураббию  ҳамаи футболбозон сарулибоси варзишӣ ва дигар лавозимоти варзиширо муҳайё карда, ба ҳар кадомаш маош муқаррар намудам. Хушбахтона, соли 2015 бо иқдоми Федератсияи футболи Тоҷикистон  лигаи дуюм таъсис ёфту дастаи мо низ шомили мусобиқаҳои он шуд.

– Дастаатон таҳти кадом ном дар лигаи дуюм иштирок мекард?

– Бо номи «Парвин»-и ноҳияи Бохтар. Худам номашро «Парвин» интихоб кардам, ки имрӯз боиси ифтихорамон гардидааст.

– Наимҷон, дар мавсими аввали футболи лигаи дуюм бо кадом дастаҳо вохӯрда, ба чӣ комёб шудед?

– Дар мавсими нахустини  лигаи дуюм «Парвин»   дар минтақаи  Хатлонии он бо дастаҳои ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ, Қумсангиру Шаҳритуз ва дигарҳо  бомуваффақият бозида, дар садри  чемпионати лига қарор гирифтем ва  соҳиби роҳхат ба лигаи якуми Тоҷикистон гаштем.

Мавсими аввалини иштироки «Парвин»  дар соли 2016  бобарор омаду   футболбозони Бохтар дар миёни 13 дастаи лигаи якум ҷойи чорумро касб намуданд. Онҳо дастаҳои пуртаҷрибаи «Помир»-и Душанбе, «Локомотив»- Душанбе,  «Чашма»-и Шаҳритус, «Исфара»-и Исфара, «Канд»-и Конибодомро пушти сар монданд. Дар мавсими соли 2017 мекӯшем, ки дар лигаи якум мавқеъамонро аз ин беҳтар намоем.

– «Парвин» бо дастаи «Сомон»-и Данғара боре вохӯрдааст?

– Не. «Сомон» соли 2016 таъсис ёфта, дар лигаи дуюм хеле хуб ҳунарнамоӣ  кард ва ба лигаи якуми кишвар роҳхат гирифтааст. Насиб бошад, дар майдони футбол рӯ ба рӯ мешавем.

Аммо футболбозони дастаи «Парвин-2»-и Бохтар, ки онҳоро низ камина сарпарастӣ мекунам, дар лигаи дуюм бо «Сомон» истодагарии шадид карда буд. Дастаи дуюми «Парвин»-ро, ки ҳайаташ навҷавонону хонандагони синфҳои болоии мактабҳои ноҳияамон мебошанд, барои тайёр кардани футболбозони захиравӣ барои «Парвин»  таъсис додаам. Айни замон ман  150 футболбозро сарпараст ҳастам, ки  онҳо чор баст дар ягона варзишгоҳи ноҳия машқу тамрин мекунанд.

-Баҳри дастгирии молиявии футболи ноҳия боз кадом ташкилотҳо саҳмгузор  ҳастанд?

– Худам танҳо сарпарастӣ мекунам. Ҳамкориамон бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия хуб аст. Аз  раиси ноҳия Ҷаббор     Ғаффоров миннатдорам, ки варзишгоҳро ба ихтиёри футболбозон додааст. Боз ҳангоми бозиҳо баҳри бехатарӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ ва идораи сӯхторхомӯшкуниро сафарбар мекунонанд. Масъалаи таъминоти дастаҳо бо нақлиёт ва сӯзишворӣ, додани мукофотпулиҳо  ва маоши доварон низ дар зиммаи худи ман аст.

– Наимҷон, ба ғайр аз худат дар ноҳия боз кӣ кадом намуди варзишро сарпарастӣ мекунад?

-Ҳеҷ кас. Ҳол он ки дар ноҳия ҳастанд соҳибкороне, ки метавонанд варзишгарони муштзану ҷудочӣ ва  волейболу баскетболро маблағгузор бошанд. Ақаллан варзишгоҳи ноҳияро, ки ҷойҳои нишаст надорад, метавонанд таъмири асосӣ намоянд.

– Агар малол наояд, маблағро барои сарпарастии футболбозон чӣ тавр пайдо мекунед?

– Аз ҳисоби маблағҳои хизматрасониҳоям дар тӯйҳои мардум.

– Наимҷон, аз мавсими футболи 2017 чӣ умед дорӣ?

– Албатта, дастоварди нави варзишӣ. Чун сарбозе, ки орзуи генерал шудан мепарварад, умед дорам, бошгоҳи «Парвин»-и Бохтарро, ки камина президенту сарпарасташ ҳастам, дар ҷумлаи сегонаи беҳтарини футболи лигаи якуми кишвар бинам…

 Муваффақият дар ҳар ду ҷодаи пешакардаат ёрат бод, Наимҷон Сайдалӣ!

Мусоҳиб Эмом НАЗАРОВ,

«Тоҷикистон»

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.