Ҷоми ҷаҳон- 2018 дар Осиё

Тимҳои миллии футболи кишварҳои Осиё дар марҳалаи ниҳоии муқаддамотии Ҷоми ҷаҳон- 2018, ки дар кишвари Русия баргузор мешавад, аввалин вохӯриҳояшонро ба анҷом расониданд. Аввалин шуда аз гурӯҳи дуввум тими мунтахаби Австралия, ки бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар як гурӯҳ қарор дошт, тими мунтахаби Ироқро дар майдонаш бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.
Дастаи мунтахаби Амороти Мутаҳидаи Араб ғайричашмдошти коршиносони футбол дар меҳмонии тими мунтахаби Ҷопон бо натиҷаи 2 бар 1 соҳибони майдонро шикаст дод. Арабистони Саудӣ тими миллии Таиландро ба ҳузур пазируфт ва бо ягона голи задаи Навоф Обид аз ҷазои 11 метра бо ҳисоби 1:0 шаҳди ғалаба чашид.
Дар гурӯҳи аввал тими мунтахаби Эрон дар майдонаш бо тими мунтахаби Қатар то дақиқаҳои иловагӣ натиҷаи мусовии 0:0-ро дар ихтиёр дошт, аммо дар вақти изофашуда эрониҳо тавонистанд бо имзои Ризо Қучоннажод(94) ва Алиризо Ҷаҳонбахш(96) ду голро ба самар расонида, дар маҷмӯъ бо натиҷаи 2:0 дастболо шаванд.
Дар ин рӯз тими мунтахаби Узбекистон бар Сурия бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид ва дар ин гурӯҳ Кореяи ҷанубӣ дар бозии сергол бо дастаи мунтахаби Чин бо ҳисоби 3:2 зафар ёфт.
Ёдовар мешавем, ки рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми ҷаҳон дар минтақаи Осиё бо ҳузури 12 тим дар ду гурӯҳ ба сурати даврӣ баргузор мешаванд. Дар натиҷа аз ҳар гурӯҳ ду тим(дар маҷмӯъ 4 тим) ба сурати мустақим роҳхати Ҷоми ҷаҳони Русия -2018-ро ба даст меоранд. Тимҳои саввуми гурӯҳҳо низ дар дидори плей-офф бо ҳам қувва месанҷанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *