Омодагии футболбозони тоҷик барои бозӣ дар Дубай

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон 12-уми ноябр бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб бозиҳои дӯстона мегузаронад. Бозӣ дар шаҳри Дубай баргузор хоҳад шуд.

Ба ҳамин далел сармурраббии даста мутахассиси Ӯзбекистонӣ Усмон Тошев омодагиро ба ин бозиҳои дӯстона ҳафтаи гузашта дар Душанбе оғоз кард ва миёнаи ин ҳафта даста бояд Дубай парвоз кунад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ин бозигарон даъват шудаанд:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Памир»), Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»)

Муҳофизатгарон: Давронҷон Эгашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷурабоев, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ҳанонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Памир»), Алишер Баротов («Хуҷанд»)

Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Амирбек Ҷурабоев, Мухаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Шервонӣ Мабатшоев (ДМАМ), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);
Ҳуҷумкунандаҳо: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳама аз «Истиқлол»), Тоҳир Малодӯстов («Хуҷанд»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ: Усмон Тошев.

Бо далели ҳамагир шудани коронавирус бозиҳои чор даври охири марҳилаи дуюми интихобии Чепионати ҷаҳон-2022 дар Осиё ба соли дигар гузаронида шуданд. Соли оянда дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Муғулистон ва Мянмар бозӣ хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *