«Ҳосилот» ба Конфедератсияи футболи Осиё имтиҳон месупорад

Дастаи футболи Ҳосилот»-и Фархор, ки дар чемпионати Тоҷикистон зинаи дуюмро соҳиб шуд ва ҳаққи ширкат дар дуюмин мусобиқаи бонуфузи қитъаро ба даст овард, пеш аз муҳлат аз рухсатӣ баргашта, омодагии худро ба мавсими нав оғоз кард.
Сабабаш иштироки даста дар даври квалификатсионии Ҷоми КФО-2017 аст, ки 31-уми январ шурўъ мешавад. Даста машқу тамринҳоро дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии ҷумуриявӣ оғоз кардааст. Ҷамъомади якуми даста то соли нав давом хоҳад ёфт.
Дар ҳайати «Ҳосилот» легионер аз Гана Агблей Ҷонес, ки дар марҳилаи якуми чемпионат дар ҳайати дастаи «Хайр»-и Ваҳдат баромад мекард, машқ мекунад. Ҳамчунин, дар ҳайати фархориҳо собиқ муҳофизатгари «Вахш»-и Қӯрғонтеппа Бахтиёр Қаландаров ба мавсим омодагӣ мебинад.
Президенти дастаи «Ҳосилот» Нурулло Маҳмудов иттилоъ додааст, ки то оғози Ҷоми КФО-2017 ҳайати даста боз бо чандин бозигари нав мустаҳкам карда мешавад. Ба гуфтаи ў дар назди даста мақсад гузошта шудааст, ки ба даври гурўҳии ин мусобиқаи аз ҷиҳати нуфуз дуюми қитъа роҳхат бигирад.
Хотиррасон мекунем, ки «Ҳосилот» баромади худро дар Ҷоми КФО-2017 аз даври пешакӣ оғоз мекунад. Дар ин давр ҳарифи шогирдони Муаммадҷон Ҳабибуллоев дастаи чемпиони Афғонистон дастаи «Шоҳин Асмоӣ» хоҳад буд. Вохўрии якум 31-уми январ дар меҳмонӣ мегузарад, бозии ҷавобӣ 7-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дар назар аст.
Дар сурати ғолиб омадан дар ин бозиҳо «Ҳосилот» ба даври плей-офф мебарояд ва бо ғолиби вохўрии байни дастаҳои «Дордой» (Қирғизистон) ва «Балкан» (Туркманистон) бозӣ мекунад. Вохўрии якум дар сафар ва бозии ҷавобӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Агар «Ҳосилот» ба даври плей-офф барояд, бозии якум 21-уми феврал ва бозии ҷавобӣ 28-уми феврал дар назар аст.
Дар сурати ба даври гурўҳии Ҷоми КФО роҳ ёфтан «Ҳосилот» дар гурўҳи «D» баромад мекунад, ки ҳарифонаш «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон) хоҳанд буд.
Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *