Осиё-2018: 3 холи аввалини 19-солаҳои тоҷик дар марҳилаи гурӯҳӣ

Дастоварди мунтахаби футболбозони 16-солаҳои Тоҷикистон дар чемпионати  Осиё-2018 барои мунтахаби 18-солаҳо намунаи ибрат гардид, ки онҳо дар мусобиқаи дарёфти Ҷоми Бангладеш ҷойи дуюм ва медалҳои нуқраю мукофоти пулиро сазовор гардиданд. Шояд ин комёбиҳои ҳамватанон  инчунин ба аъзои дастаи яккачини 19-солаҳои Тоҷикистон (сармураббиаш Мубин Эргашев) илҳом бахшида бошад, ки онҳо дар бозии нахустини марҳилаи  гурӯҳии чемпионати Осиё-2018 ғалаба ба даст оварданд.

Тавре сомонаи ФФТ иттилоъ медиҳад, ин бозии шавқовар 20-уми октябр дар варзишгоҳи «Патриот Цандрабага»-и шаҳри Бекаси Индонезия баргузор шуд. Шарафҷон Солеҳов, ниммуҳофизатгари дастаи  «Барқчӣ»-и Ҳисор, дар дақиқаи 77-уми дидор тахмин аз масофаи 25 метр тӯбро бо зарбаи сахт вориди дарвоза кард. Дарвозабони ҳариф Пенг Пенг сари  вақт пеши тӯби тезсуръати ногаҳониро гирифта натавонист ва ҳисоб кушода шуд -1:0!

Футболбозони Хитой барои мусовӣ кардани бозӣ ҳарчанд кӯшиданд, ба мақсад нарасиданд.

Дар гурӯҳи«D» баъди даври аввал ҳоло дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон бо 3-имтиёзӣ ҷойҳои якуму дуюмро ишғол кардаанд. Арабҳо дар бозии аввалин ҳарифониашонро аз Малайзия бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд.

Бозии дуюмро футболбозони тоҷик пагоҳ — 23 октябр бо мунтахаби Малайзия доир мекунад.

Тибқи низомномаи Чемпионати Осиё-2018, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин барои бадастории медалҳои мусобиқаи мазкур мубориза бурда, ҷуфтҳои чорякниҳоӣ ташкил медиҳанд. Агар мунтахаби Тоҷикистон ба марҳилаи дигар роҳхат гирифта тавонад, дар чорякниҳоӣ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «С» —   Вйетнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ё Урдун ба майдон мебарояд.

Хотиррасон мекунем, ки аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаҳои Чемпионати Осиё-2018 др Индонезия чор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2020, ки соли оянда дар кишвари Полша ҷараён мегирад, мегарданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *