Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Отамбоев барои медали тиллои олимпӣ  104 ҳазор доллар ваъда  кардааст

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев зимни вохӯрӣ дар арафаи сафари олимпичиёни кишвараш ба Бозиҳои олимпии Рио-де-Женейро гуфтааст, ки ҳар  варзишгари медали тилло гирифтаро  бо 104 ҳазор доллар ҷоиза хоҳад дод.

Аз Қирғизистон дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио де Жанейро, ки аз 5 то21 августи соли 2016 баргузор мешаванд — 19 нафар ба саҳнаи рақобату зӯрозмоии варзишӣ мебароянд. Атамбоев гуфтааст, ки барандаи медали нуқра 74 ҳазор доллар ва барандаи медали биринҷӣ 52 ҳазор доллар ҷоиза мегирад.

Вай гуфтааст, ки “муҳим  бузург ё хурдии кишвар нест. Масалан, кишвари Исландия бо 300 ҳазор нафар аҳолии худ дар бозиҳои Чемпионати Аврупо ба дастаи Англия пирӯз шуд”.

Эмоми Назариён

 

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.