Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Парчамбардори Тоҷикистон дар Токио паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов …

Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ, ки 23-юми июл дар Токиои Ҷопон доир мегардад, парчамбардори Тоҷикистон Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов интихоб шуд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ дирӯз, 13-уми июл, аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин тасмим 10-уми июл дар ҷаласаи Ассамблеяи кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гирифта шуд. Темур Раҳимов дар охирин радабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо дар вазни беш аз 100 кило бо 3241 имтиёз мақоми 17-умро касб кард ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио шуд.

Дар Олимпиадаи Токио Тоҷикистонро ба ҷуз аз Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) дар риштаи ҷудо, Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) оид ба бокс, Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов оид ба шиноварӣ намояндагӣ мекунанд.

Аммо, боиси таассуф аст, ки Гулсумбӣ Шарифова, ки ба Бозиҳои олимпӣ дар Токио дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон роҳхат гирифтааст, ба иллати лат хӯрдани пояш ба Токио намеравад.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули 23 нафар, аз он ҷумла 10 варзишгар, субҳи 20-уми июл тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Истамбул – Токио барои ширкат дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми август дар пойтахти Ҷопон баргузор мешавад, сафар хоҳад кард.
Дар асоси муқаррароти низомномаи Ҷоизаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, аз он ҷумла варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ сазовори медали тилло мешаванд, ба маблағи 300 000 сомонӣ ҷоизаи молӣ мегиранд. Барои медали нуқраи олимпӣ 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ ҷоизапулӣ супурда хоҳад шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.