Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Пешвои миллат аз нав президенти КМОТ интихоб шуд

Тавре сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ додааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҷаласаи ҳисоботии ин ташкилоти бануфузи варзишӣ аз нав президенти КМОТ интихоб шуд.
Маҷлис дар меҳмонхонаи «Лотус» дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба марҳилаи дигари садрӣ аъзои Ассамблеяи КМОТ пешниҳод кард. Акнун тибқи Оинномаи ташкилоти мазкур Э. Раҳмон ба муҳлати солҳои 2017-2020 вазифаи президентии КМОТ-ро иҷро мекунад.
Дар бораи фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2016 дабири кулли он Баҳрулло Раҷабалиев ҳисобот дод. Аъзои Ассамблея ба фаъолияти чорсолаи КМОТ қаноатбахш баҳо гузоштанд.
Э. НАЗАРОВ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.