Пирӯзии мунтахаби наврасониТоҷикистон бар Эрон

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Президенти Қазоқистон мунтахаби наврасони Эронро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, дар гурӯҳи «В» ҷойи аввалро ишғол кард ва ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Дар ин бора  аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар ҳайати мунтахаби наврасони кишвар Ҳувайдо Малиев, Шаҳром Самиев ва дар ҳайати мунтахаби наврасони Эрон Муҳаммад Шарифӣ (аз зарбаи 11-метр) голҳоро ба ҳадаф расонданд.

Дар сабқати дигари гурӯҳи «В» наврасони Озарбойҷон дастаи мунтахаби Русия-2-ро бо ҳисоби бузурги 12:1 шикаст доданд.

Чанде пеш футболбозони тоҷик бо ҳисоби бузурги 6:0 Русия-2-ро шикаст дода, дидорро бо наврасони Озарбойҷон мусовӣ – 2:2 анҷом дода буданд.

Ҳамин тариқ, бо гирифтани 7 хол дастпарварони Зайниддин Раҳимов ба даври ниҳоии Ҷоми Президенти Қазоқистон роҳ ёфтанд. Ҷойи дуюмро дар гурӯҳи «В» мунтахаби наврасони Эрон ишғол кард.

Рақиби мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалӣ дар Шимкент бегоҳии имрӯз, пас аз ба анҷом расидани сабқати гурӯҳи «А» миёни дастаҳои мунтахаби Қазоқистон ва Албания муайян мегардад.

Ёдовар мешавем, ки маблағи ҷоизавии Ҷоми Президенти Қазоқистон 15 ҳазор доллари ИМА аст. Ба ғолиби мусобиқа ба ғайр аз ҷом, ҳамчунин маблағ дар ҳаҷми 7 ҳазор доллари ИМА тақдим карда мешавад. Дастаи мақоми дуюмро ишғолкарда бо 5 ҳазор ва дастаи ҷойи сеюм бо 3 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Президенти Қазоқистон:

 Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Русия-2 – ТОҶИКИСТОН – 0:6

Эрон – Озарбойҷон – 3:0

Даври 2-юм

ТОҶИКИСТОН – Озарбойҷон – 2:2

Русия-2 – Эрон – 0:10

 Даври 3-юм

ТОҶИКИСТОН – Эрон – 2:1

Русия-2 – Озарбойҷон – 1:12

 

Б П М Б Т/Г Х
1 ТОҶИКИСТОН 3 2 1 0 10-3 7
2 Эрон 3 2 0 1 11-2 6
3 Озарбойҷон 3 1 1 1 14-6 4
4 Русия-2 3 0 0 3 1-28 0

 

Гурӯҳи «А»

 Даври 1-ум

Албания – «Крузейро» (Қазоқистон) – 0:0

Қазоқистон – Қирғизистон – 2:1

Даври 2-юм

Албания – Қирғизистон – 1:0

Қазоқситон – «Крузейро» (Қазоқистон) – 4:0

Даври 3-юм

16:30 – «Крузейро» (Қазоқистон) – Қирғизистон

16:30 – Қазоқситон – Албания

 

Б П М Б Т/Г Х
1 Қазоқистон 2 2 0 0 6-1 6
2 Албания 2 1 1 0 1-0 4
3 «Крузейро» 2 0 1 1 0-4 1
4 Қирғизистон 2 0 0 2 1-3 0

 

12 август (ҷумъа)

9:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 7-8

9:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6

9:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4

16:30 – Бозии ниҳоӣ (финал)

Эзоҳ: соати оғози бозиҳо бо вақти Душанбе

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *