Президент аз Месси чӣ хоҳиш кард?

Маурисио Макри, президенти Аргентина аз Лионел Месси, ҳамлагари мунтахаби Аргентина даъват кардааст, ки дастаи кишварашро тарк накунад. Дар ин бора хабаргузории Франс-Пресс иттилоъ дода, афзудааст, ки президент Марки шахсан ба Месси занг зада гуфтааст, бо ӯ ифтихор мекунад ва дархост кардааст, ба танқидҳо гӯш надиҳаду тими яккачини кишварашро тарк насозад.  Макри ин даъваташро дар саҳифаи твиттераш навишта, Мессиро беҳтарин бозингари ҷаҳон номидааст. Ба иттилои манбаъ, дар баробари президент, мухлисон ва футболбози машҳури ин кишвар Диего Марадона низ аз Лионел Месси хоҳиш кардаанд, ки тими миллиро тарк насозад.

Лионел Мессӣ, ҳамлагари мунтахаби Аргентина ва дастаи “Барселона”-и Испания 27 июн баъди бохти дастааш дар финали «Ҷоми Амрико-2016» иброз дошта буд, ки тими яккачини Аргентинаро тарк месозад. Месси дар ин бозӣ натавонист тӯбро аз ҷаримагоҳ вориди дарвозаи ҳариф созад. Месси гуфтааст: “ман дар чор вохӯрии финалӣ талош намудам, аммо ин ба ман муяссар нагашт. Фикр мекунам ҳама чиз ба анҷом расид. Рафтани ман аз яккачин шояд барои дигарон беҳтар бошад”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *