Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Президенти Аргентина ва Марадона аз Мессӣ хостанд, тими миллиро тарк накунад

Маурисио Макрӣ, президенти Аргентина ба гуруҳи мухлисоне, ки аз Лионел Мессии 29-сола, ҳамлагари мунтахаби футболи ин кишвар мехоҳанд, дастаи мазкурро тарк накунад, пайвастааст.


Президенти Аргентина гуфтааст, бо тими миллии футболи кишвараш ифтихор дорад ва Мессиро «беҳтарин футболбози ҷаҳон» хондааст. Вай барои расонидани ин ҳарфҳо шахсан бо Мессӣ тамос гирифта ва низ даъват кардааст, ки аз тими миллии Аргентина наравад.

Қаблан футболбози машҳури Аргентина Диего Марадона ҳам аз Мессӣ хост, мунтахаби кишварашро тарк накунад.

Лионел Мессии 29-сола, ҳамлагари мунтахаби Аргентина, баъди бохти дастааш дар «Ҷоми Аврупо-2016» ва бахусус баъди он ки натавонист аз ҷаримаи ёздаҳметрӣ тӯбро ба ҳадаф расонад, аз поёни карйерааш дар ин тим хабар дод. Ӯ гуфт, «барои ман дар мунтахаби Аргентина ҳама чиз тамом шудааст. Ин тасмими ман аст».

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.