Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Президенти КБО: Асосе барои баргузор нашудани бозиҳо нест

Кумитаи байналмилалии олимпӣ бар он бовар аст, ки ҳеҷ асосе барои баргузор нашудани Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки имсол аз 23-уми июл то 8-уми август ба нақша гирифта шудааст, нест. Дар ин бора президенти ин созмон Томас Бах дар мусоҳиба бо нашрияи ҷопонии “Kyodo News”-и Ҷопон иброз доштааст.

Ў гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ асосе барои оғоз нашудани Бозиҳои олимпӣ дар Токио рўзи 23 июл дар Варзишгоҳи олимпӣ нест.

Ба далели дунёгир шудани COVID-19 Бозиҳо, ки бояд соли гузашта баргузор мешуд, як сол ба таъхир гузошта шуд, аммо ҳол ҳам сарусадоҳо дар атрофи баргузор нашудани он зиёд аст. “Kyodo News” менависад, ки тақрибан 80 дарсади мардуми Ҷопон мехоҳанд, ки Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ дар Токио имсол низ лағв карда шаванд ё ба таъхир гузошта шаванд, ҳамчунин, даъватҳо барои таҳвили Токио-2020 ба соли 2024 низ садо додаанд.

Новобаста ба ин, Томас Бах барои баргузории бозиҳои муваффақ хушбин аст, аммо иқрор мешавад, ки шумораи мухлисон дар варзишгоҳҳо шояд маҳдуд карда шавад. Сарвазири Ҷопон Йошиҳидэ Суга низ қавл додааст, ки коронавирусро ҳар чӣ зудтар таҳти назорат қарор дода, имсол Токио-2020-ро баргузор мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, сардори департаменти молиявии иёлати Флоридаи Амрико Ҷиммӣ Патронис аз КБО даъват кардааст, ки имкони интиқоли Бозиҳои тобистонаи олимпиро аз Ҷопон ба ИМА, аниқтараш, ба Флорида баррасӣ кунад. Вай ба Томас Бах дар ин бора нома навиштааст.

Айни замон тасмим гирифта шудааст, ки иштирокчиёни бозиҳо дертар аз панҷ рўз пеш аз рақобаташон ба Деҳаи олимпӣ омада, ҳадди аксар пас аз ду рўзи мусобиқаашон хориҷ мешаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.