Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Рақиби Баҳодур Усмонов муштанзи ӯзбекистонист

Элнур Абдураҳимов, муштзани ӯзбекистонӣ, рақиби муғулистонияш Чинзогир Баатарсухро шикаст дода, дар даври баъдӣ бо варзишкори тоҷик Баҳодур Усмонов вориди майдон мешавад.

Баҳодур Усмонов дар вазни 63 кило рақибаш аз Доминикан Леонел Сантос Нунезро шикаст дод, дар даври баъдӣ бо муштзани ӯзбекистонӣ Элнур Абдураҳимов зӯрозмоӣ хоҳад кард.

Сабқати Усмонови 23 – сола ва Абдураҳимови 27 – сола рӯзи 31 июл баргузор гардад.

Муштзанҳои тоҷик, Шаббос Негматуллоев дар вазни то 81 кило аз варзишгари Чин Даксиан Ченг шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз 26 июл Сомон Маҳмадбеков дар ҷудо, вазни то 73 кило вориди майдон мешавад. Оғози мусобиқа соати 7:00 бо вақти Душанбе ва сабқати ниҳоӣ соати 13:00 дар назар аст.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ёдрас намуд, ки барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш ва ҳудуди (50 равияи варзиширо дар бар гирифта, 11 ҳазору 324 варзишгар тайи 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо зӯрозмоӣ менамоянд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.