Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Расул Боқиев: Ба гӯштии сохтаи миллӣ зид ҳастам

Паҳлавони шинохта, барандаи ҷоизаи биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008 Расул Боқиев пас аз он ки майдони варзиши касбии ҷудоро тарк кард, дар пойтахти Федератсияи Русия – шаҳри  Маскав тамрину варзишгарони наврасро ба роҳ мондааст.. Муассисаи  бунёдкардаи ӯ расман “Школа дзюдо Расула Бокиева” ном дорад.

Дар охирин рӯзҳои наврӯзӣ дастпарварони ин омӯзишгоҳ нахустин мусобиқоти худро баргузор карданд. Ба саволи  хабарнигори сомонаи «Ориён.инфо» «Аз он ҷое, ки ҷудо дар баробари гӯштии миллӣ яке аз маъруфтарин варзишҳо дар Тоҷикистон аст, мехостем бипурсем, ки ин ду варзиш чӣ монандиҳо ва дигаргуниҳое бо якдигар доранд?», чунин посух додааст:

– Тафовути варзиши ҷудо бо гӯштии миллии тоҷикӣ ин аст, ки он қоидаву муқаррароти хоси худро дорад ва назму инзиботаш танзимшуда аст. Ҷудо варзиши ҷаҳонӣ аст. Аммо гӯштӣ фақат дар Тоҷикистон аз маҳбубтарин варзишҳост. Гӯштӣ он қоидаву назмро надорад. Зӯрозмоиҳои гӯштӣ ҳам замонбандии дақиқ надоранд. Ҳамин вижагиҳо зӯрозмоиҳои гуштигиронро аз пурбинандатарин мусобиқот мегардонад. Агар гӯштиро ҳамчун ҷудо тибқи қоидаҳо сохта ба роҳ монанд ва муқаррароте барои танзимаш ҷорӣ кунанд, вижагиҳои милливу ҷанбаи намоишиашро аз даст медиҳад.  Дар ин сурат мусобиқот дигар на гӯштӣ мешавад ва на ҷудо, балки ҳамкарде аз инҳо ва натиҷаи зӯрозмоиро доварон мушаххас мекунанд, ки на ҳамеша дурусткорона ва аз рӯи виҷдон аст. Ман бо ин мухолиф ҳастам.

-Чун аз дурусткории доварон ёд кардед, назаратон дар бораи доварии мусобиқаи гӯштии наврӯзӣ ва барканории Комроншоҳ Устопириён аз мусобиқот чист. Оё ӯ дар ду сол ҳунари гӯштигирияшро аз даст нахоҳад дод?

– Ростӣ, дар ин бора наметавонам назаре бидиҳам, чун он ҷо набудаам ва худ он рӯйдодро надидаам то доварӣ кунам. Комроншоҳ худ тасмимгирӣ хоҳад кард, ки дар ин ду сол чӣ кор мекунад.

– Дар пайи ин қазия Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишии кишвар муваззаф шудаанд, ки “Ойинномаи одоби варзишгар”-ро таҳияву барои муҳокима пешниҳод кунанд. Оё ниёзе ба чунин ойиннома ҳаст?

-Дар ҳар коре бояд назму низом бошад, вагарна ошӯб мешавад. Ман ҳам чанд мавридеро метавонам намуна оварам, ки дар мусобиқот бо ман баддоварӣ кардаанд. Вале дар чунин мавридҳо гӯштигир бояд варзишкори ҳирфаӣ буданашро нишон диҳад ва оромияшро аз даст надиҳад. Гӯштигир бояд бо ҳунару паҳлавонияш дар майдон зӯру тавонашро нишон диҳад. Ҷанҷол бо доварон ва ё дашному носазогӯӣ бо тамошобинон кори дурусте нест. Гӯштигир бояд, пеш аз ҳама, таклифашро бо худаш рӯшан кунад.

– Мебинем, ки бисёре аз шогирдони шумо фарзандони тоҷикони муҳоҷир ҳастанд. Оё дар миёнашон касе ҳаст, ки тавонад дар оянда ҷудокори ҳирфаӣ шавад?

– Мо чӣ дар Русия ва чи дар Тоҷикистон варзишкорони ояндадор бисёр дорем. Мушкиламон ин аст, ки камбахтона мураббии ҳирфаӣ ва роҳбарони одил надорем. Агар роҳбарони одил медоштем, Расул Боқиев имрӯз дар Тоҷикистон буд ва кӯдакони тоҷикро гӯштӣ меомӯзонд. Ин варзишгарони ҷавоне, ки инҷову он ҷо дорем, пеш аз ҳама, ниёз ба омӯзгору мураббии ояндабин доранд. Бегумон сармоягузорӣ дар ин варзиш ҳам муҳим аст. Дар он сурат метавонистем беҳтарин дастовардҳоро дар майдонҳои гӯштии кишвар ва ҷаҳон дошта бошем.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.