«Равшан» ва «Ҳулбук» дар финали Ҷоми ФФТ-2017

Дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Ҳулбук»-и  Восеъ вилояти  Хатлонро дар марҳилаи ниҳоии дарёфти Ҷоми  ФФТ-2017 намояндагӣ хоҳанд кард.

Бинобар иттилои сомонаи ФФТ, ба ин дастовард  дастаҳо пас аз пирӯзӣ дар вохӯриҳои нимфиналии марҳилаи пешакии минтақаи Хатлони Ҷоми ФФТ муяссар шуданд.

«Ҳулбук» вохӯрии аввалини нимфиналиро бо  «Парвин»-и Бохтар 1:1 мусовӣ анҷом дода, аз рӯйи иҷрои силсилаҳои 11- метра бо ҳисоби  5:4 ғолиб омад.

«Равшан» бошад, бо ҳисоби 4:2 «Саройкамар»-и Панҷро шикаст дод. Пас аз ин 8 феврал  дастаҳои «Равшан» ва  «Ҳулбук» дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи А. Ҷомӣ байни ҳам вохӯрии финалии марҳилаи пешакиро мегузаронанд. Дастаи ғолиби ин вохӯрӣ дар гурӯҳи «Б» ва ҷойи дуюм гирифта дар гурӯҳи «А» мусобиқаро барои дарёфти Ҷоми ФФТ давом медиҳанд.

Э. НАЗАРОВ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *