Саламшо дар Хоруғ варзишгоҳ сохт


Дар шаҳраки ба номи Исмоили Сомонии  шаҳри Хоруғ  боз як толори варзишӣ навсозӣ ва бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин карда шуд.

Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки «дар давраи истиқлолияти давлатии кишвар  таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба варзиш бамаротиб афзоиш ёфт. Ҳар яке аз онҳо кӯшиш мекунад, ки парчами миллати худро дар толорҳои бузурги  ҷаҳонӣ баланд бардорад. Инро ба назар гирифта, ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои вилоят толорҳои хурду бузурги варзишӣ бунёд ва навсозӣ мешаванд. Дар баробари мақомоти марбутаи давлатӣ дар бунёду навсозии толору майдончаҳои варзишӣ соҳибкорони маҳаллӣ низ саҳм мегузоранд».Толори мазкур бо кумаку дастгирии сохибкор Саламшо Имомназаров, ки Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бо харҷи беш аз аз 190 ҳазор сомонӣ сохта шуд.  Ин соҳибкори маҳаллӣ гуфт, ки ҳамаи таҷҳизот бо маслиҳату тавсияи мутахассисони соҳаи варзиш харид ва дар ихтиёри варзишгарон гузошта шуд. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот худи варзишгарон кумак расониданд.Дастурдиҳандаи Мактаби варзишии вилоят Ғуломҳусейн Мародҳусейнов бо изҳори сипос ба ин соҳибкори ҷавон гуфт, ки «бо истифода аз чунин шароит сатҳу сифати тамрину мусобиқаҳои варзишӣ боз ҳам боло хоҳад рафт. Баъд аз ин мутобиқи реҷа духтарону занон ҳам метавонанд дар ин толор ба машқи бадан машғул шаванд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *