Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Се намояндаи Тоҷикистон дар World Masters

Аз 11 то 13-уми январ дар шаҳри Доҳаи Қатар мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон (World Masters) баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа дар асоси даъватномаи Федератсияи байналмилалии ҷудо, тибқи радабандии ҷаҳонӣ 36 нафари беҳтарини ҳар вазн иштирок мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ҷумҳурии моро дар мусобиқаи мазкур 3 нафар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни -73кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) муаррифӣ мекунанд. Дар радабандии ҷаҳонии ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар ҷои 14-ум, Беҳрӯз Хоҷазода дар ҷои 17-уми вазни -73кг мавқеъ доранд. Темур Раҳимов дар вазни +100кг дар ҷои 30-юм қарор гирифтааст.

Тибқи маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа иштироки 396 варзишгар (214 мард, 182 зан) аз 70 давлати дунё дар назар аст.

Шаҳри Доҳаи Қатар бори аввал мизбони мусобиқаи “World Masters” мегардад. Доҳа соли 2023 Чемпионати ҷаҳонии ҷудоро хоҳад гузаронд.

Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов аз дастгирии молиявии олимпӣ бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио талош мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.