Шаҳром нахустин голро заду пирӯзӣ овард

Тими “Торпедо БелАЗ” – и Белорус, ки ахиран ҳамлагари тоҷикистонӣ ба он пайваст, дастаи “Динамо Минск” – и ин кишварро шикаст дод.

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Ҳамлагари тими мунтахаби миллии Тоҷикистон Шаҳром Самиев дар ҳайати дастаи “Торпедо – БелАЗ” дар шаҳри Жодино нахустин голашро ба ҳадаф расонда, тими меҳмон “Динамо Минск” – ро шикаст дод. Ин мусобиқа дар доираи даври 16-уми Чемпионати Белорус баргузор шуда, феълан тими Самиев бо 19 хол дар зинаи 10-ум қарор дорад.

Читавре, ки дар сомонаи “Торпедо – БелАЗ” хабар дода шудааст, Самиев дар дақиқаи 19-ум ҳисобро кушод. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфт.

Шаҳром Самиев, ҳамлагари тими мунтахаби Тоҷикистон буда, ки бо бошгоҳи «Торпедо-БелАЗ» –и шаҳри Жодинои Белорус шартнома ба имзо расонд.
Дар бораи ба тими белорусӣ пайвастани Самиев Федератсияи футболи Тоҷикистон, аввали моҳи равон хабар дод. Ӯ пештар дар тими молдавии “Динамо Авто” ба ҳайси бозигари кироя ҳунарнамоӣ мекард.

Дар мавсими 2020/21, Самиев дар ҳайати “Динамо-Авто” дар дивизиони миллии Молдова 19 бозӣ гузаронида, ҳафт гол задааст.
Дар вақтҳои гуногун Самиев инчунин дар бошгоҳҳое, ба монанди «Барқӣ», «Данғара» ва «Истиқлол» бозӣ мекард. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шаҳром Самиев 10 бозӣ гузаронида, дар онҳо чор гол задааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *