Ширкати самбочиёни тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо

Рӯзҳои 25 ва 26-уми март дар шаҳри Маскави Русия Ҷоми ҷаҳонии самбо, ки ба хотираи асосгузори самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев баргузор мешавад,  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар ширкат мекунад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Деваштич Убайдӣ, Сорбон Латифов, Сомон Сангов, Садр Боев, Рамазон Ҷумъев, Аҳтам Ҳусейнов, Меҳрубони Абдулҳақ ва Алхатаби Фирдавс ба ин мусобиқа сафарбар мешаванд.

Соли 2020 ин мусобиқа ба далели ҷаҳонгир шудани коронавирус дар охири сол баргузор шуд, ки варзишгарони тоҷик дар он ширкат карда, 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа қувваозмоиҳо дар самбои варзишӣ (мардҳо) – 58кг, 64кг, 71кг, 79кг, 88кг, 98кг, +98кг; самбои варзишӣ (бонувон) – 50кг, 54кг, 59кг, 65кг, 72кг, 80кг, +80кг ва самбои размӣ (мардҳо) – 58кг, 64кг, 71кг, 79кг, 88кг, 98кг, +98кг баргузор мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *