Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сомон баъди шикасти ду ҳарифаш ба даври 1/8- финали Бозиҳои олимпӣ баромад

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони шинохтаи тоҷик пас аз ду пирӯзӣ ба даври 1/8- финали Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.

Паҳлавони шинохта Тоҷикистонро дар вазни то 73 кило дар 32-юмин Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекунад.

Сомон дар даври даври аввал намояндаи гурезаҳо Аҳмад Аликайро шикаст дод.

Дар даври 1/16-финал бошад, варзишкори тоҷик бар намояндаи Гамбия Файе Нжие дастболо шуд.

Дар даври 1/8-финал Сомон бо паҳлавони озарбойҷонӣ, ноибқаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016, Рустам Оруҷов рақобат меварзад.
Ҳамзамон муштзани дигари тоҷик Баҳодур Усмонов низ пас аз пирӯзӣ бар ҳарифи доминиканияш Леонел Сантос Нунез ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.