Тайсон 1 миллион доллар гирифт

Майк Тайсон ва Рой Ҷонс , ду муштзани амрикоӣ барои набарде, ки 28 ноябр баргузор карданд ҳар кадоме 1 миллион доллари ба даст оварданд. Хабар медиҳад https://varzishtv.tj

Ба гуфтаи рӯзноманигор Ҷид Гудмэн, Тайсони 54-сола ва Ҷонси 51-сола ҳар кадоме 1 миллион доллар ба даст овардаанд — ин ҳаққи кафолатнок аст, яъне пардохти бидуни тарҳ аз фурӯши пахши барномаҳои пулакӣ ва таблиғ.

Ёдовар мешавем, ки набарди Майк Тайсон ва Рой Ҷонс тибқи муқаррароти махсуси ҳашт раунди ду дақиқа баргузор шуд. Муштзанҳо тамоми ҳашт раундро дар ринг гузарониданд ва аз қарори доварон норозӣ буданд. Тайсон, боварии комил дошт, ки бояд пирӯзиро ба даст меовард, дар охири мубориза бо ҷанҷол рингро тарк кард. Пас аз он, вай изҳор дошт, ки бо натиҷаи эълоншуда комилан розӣ нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *