Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ТОП-5 варзишгарзани зеботарини дунё

Ба ҷуз аз оне ки дар бисёр филмҳову суҳбатҳо дар симои варзишгарон нафарони камсавод ва камфаҳм нишон дода мешаванд, боз онҳоро хушсимо ҳам намегӯянд. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем доир ба 5 варзишгарзани зебои дунё ба хонандагони ҳафтанома маълумот диҳем.

№1. Антониа Сандрич, баскетболбоз

Антониа Сандрич

Антониа Сандрич 19 майи 1988 дар Хорватия ба дунё омадааст.

Ӯ дар кӯдакиву наврасӣ дар зодгоҳаш ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла ба бозии волейбол шавқ, дошт. Пасон бо роҳнамоии апааш ба баскетбол ҷалб шуд.

Сандрич дастаи мунтахаби кишварашро дар Бозиҳои Миёназамин-2009, “EuroBasket Women-2011”, “EuroBasket Women-2012”,  ва “EuroBasket Women-2013” намояндагӣ кардааст. Вай ҳамчун посбон ва посбони тирандозӣ бозӣ мекунад ва бо услуби зудҳаракат ва хашмгинаш ном баровардааст.

Сандрич карераи касбии худро аз соли 2005 оғоз намуда, ба дастаи миллии кишвараш роҳ ёфт. Ӯ дар мавсими аввалини худ бо дастааш ҳам дар чемпионати миллӣ ва ҳам дар Ҷоми Хорватия ғолиб шуд.

Сандрич аксар вақт ҳамчун зеботарин варзишгари Хорватия тавсиф карда мешавад. Вай дар соли 2009 аз рӯи пурсиши 80 аксбардор аз 23 кишвар “Зеботарин бонуи Баҳри Миёназамин” эътироф шудааст. Вебсайти варзишии Амрико, “Bleacher Report” ӯро зеботарин зан дар Олимпиадаи тобистонаи соли 2012 шумурд. Маҷаллаи “Музе” вайро ҳамчун яке аз аҷибтарин варзишгарони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 нишон дод.  

№2. Камила Лебланк, гимнастик, кроссфит

Камила Лебланк

Камила Лебланк 10 октябри соли 1988 дар Ришелиеи Канада ба дунё омадааст.

Ӯ то 16-солагӣ ба гимнастика машғул буд. Пасон Камила захм бардошт ва бо ҳамин карйераи гимнастикияшро қатъ намуд.

Соли 2014 Камила якум шуда, фитнес варзишгари универсалӣ дар ҷаҳон гардидааст. Гуфта мешавад, ки волидони Камила пас аз захм бардоштану ба кроссфит пайвастанаш зид буданд, зеро ин намуди варзиш хеле хатарнок ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин ӯ баъди 16-солагӣ капитаи дастаи футбол дар коллеҷ буд.

№3. Алекс Морган, футболист

Алекс Морган

Алекс Морган Карраско 2 июли соли 1989 дар Калифорния ба дунё омадааст. 

Алекс Морган — футболбози амрикоӣ, ҳамлагари дастаи Тоттенхэм Хотспур ва тими миллии ИМА, қаҳрамони Бозиҳои Олимпии 2012, қаҳрамони ҷаҳон дар солҳои 2015 ва 2019 ва ноиби қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2011 буда, дар якҷоягӣ бо Меган Рапино муовини капитани тими миллӣ мебошад.

Морган соли 2011 дар лоиҳаи WPS таҳти рақами аввал аз ҷониби Western New York Flash интихоб шуд, ки карйераи касбии худро ҳамчун ҳамлагар оғоз кард. Морган ҷавонтарин футболбози зан буд, ки ба ҳайати дастаи тими миллии ИМА шомил карда шуд.  Ва ҳамон сол дар Ҷоми ҷаҳонии 2011 амрикоиҳо дар ҷои дувум қарор гирифтанд. Дар соли 2012, Алекс қаҳрамони олимпӣ шуд.  

Алекс Морган, инчунин ҳамчун  нависандаи кӯдакон, муаллифи силсилаи китобҳои «Зарбаҳо» дар бораи чаҳор духтари футболбоз маъруф аст. Китоби аввалини силсила дар рӯйхати The New York Times дар топ-7 қарор гирифта буд. Ӯ ният дорад, ки дар бораи футболбози машҳури дастаи Ливерпул – Муҳаммад Салоҳ китоб нависад.

№4: Александра Солдатова, гимнастик

Александра Солдатова

Вай 1 июни соли 1998 дар шаҳри Стерлитамак таваллуд шудааст. Аз синни панҷсолагӣ вай ба гимнастикаи бадеӣ машғул буд, аввалин мураббиёнаш Ирина Викторовна Киевец ва Ольга Николаевна Назарова ба шумор мераванд.

Дар оғози мавсими соли 2014 Солдатова дар ҳайати эҳтиётии тими миллии Русия сабт шуда буд. Дебюти ӯ ҳамчун калонсол дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар доираи марҳилаи Гран-При дар Маскав баргузор гардид, дар он дар давидан пас аз Дина ва Арина Аверин ҷойи сеюмро ишғол кард.

Дар моҳи март, дар марҳилаи аввали Ҷоми ҷаҳон дар Дебрецен, Александра медали тилло ба даст оварда, аз қаҳрамони онвақтаи ҷаҳон Анна Ризатдинова пеш гузашт.

Моҳи сентябр, дар финали Ҷоми ҷаҳон дар Қазон Александра дар бисёрҷабҳа берун аз рақобат баромад карда, 70.700 хол ба даст овард   Соли 2014 дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар Измири Туркия баргузор шуд Солдатова дар ҳайати дастаӣ ширкат варзида, ҳамроҳ бо Яна Кудрявцева ва Маргарита Мамун дар ҳайати даста чемпиони ҷаҳон шуданд.

№5. Анастасия Константиновна Бризгалова, Кёрлингчӣ

Анастасия Константиновна Бризгалова

Кёрлингчии рус Анастасия Константиновна Брызгалова,  3-юми декабри соли 1992 дар вилояти Ленинград таваллуд шудааст. Ӯ иштирокчии Бозиҳои олимпии 2018 дар байни ҷуфтҳои омехта, чемпиони ҷаҳон дар байни ҷуфтҳои омехта ва дастаҳои омехта мебошад.

Дар моҳи июни соли 2017 ӯ бо шарики худ дар як ҷуфт Александр Крушелницкий издивоҷ кард. Тибқи маълумоти мавҷуда  Анастасия  дар мусобиқаи ҷуфтҳои омехта бо Александр Крушелницкий мақоми 3-юмро гирифт, аммо баъдан барои нақзи қоидаҳои зиддидопингӣ аз ҳақи иштирок дар мусобиқот маҳрум шуд.    

Таҳияи Ҳ.ТОҲИРӢ

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.