Усэйн Болтро аз медали тиллои олимпӣ маҳрум карданд

Давандаи маъруфи Ямайка Усэйн Болтро бо ҷурми истеъмоли допинг аз медали тиллои  Олимпиада-2008 маҳрум карданд.

Тавре сомонаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ хабар медиҳад, ин варзишгари сабук   барои нишондоди мусбати допинг-тести ҳарифаш Нест Картер аз дастаашон барои истеъмоли препаратҳои мамнуъ муҷозот шуда, дар хунаш маводи туринаболро, ки истифодааш дар варзиши сабук манъ гардидааст, ошкор намуданд.

Ба ғайр аз Болт аз медалҳои олимпӣ инчунин варзишгарон Асафа Пауэлл ва  Майкл Фратер, ки дар масофаи эстафета бо Усэйн давида буданд, маҳрум гардиданд. Давандаҳои Ямайка маҷбуранд медалҳои Олимпиада-2008-ро баргардонанд

Бад-ин минвол, Усэйн Болт аз чемпиони 9-каратаи Бозиҳои олимпӣ ба чемпиони 8-каратаи олимпӣ табдил ёфт.

Ба назари «Р-Спорт», медалҳои тиллои Олимпиада-2008 акнун ба дастаи Тринидад ва Тобаго, нуқраҳо ба варзишгарони сабуки Ҷопон ва биринҷиҳо ба мунтахаби Бразилия  дода мешаванд.

Э. НАЗАРОВ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *