Варзиш на ҳамеша кафили саломатист

Далелҳо дар ин хусус кам нестанд. Фалокат барои варзишгарон воқеан аз таги по мехезад.

Ҷонбохтаҳои бокс

Дар бокс ҳодисаҳои фоҷиовар зиёд рӯй дода, боиси марги садҳо муштзани ҷавону касбӣ гардидааст. Ҳамаи онҳо бар асари захм бардоштану маъюб шудан ва ҳифзи обрӯ мардонавор ба ҳалокат расидаанд.

Ҷонни Оуэн (25-2-1, 11 КО),

Муштзани Британияи Кабир  4 ноябри соли 1980 дар синни 24-солагӣ ҷони ҷавонашро бохт. Мухлисон ӯро барои шуҷоату мардонагӣ ва истодагариаш ниҳоят эҳтиром мекарданд. Ҷонни Оуэн нахустин  валлиягӣ ба шумор меравад, ки унвони чемпионии Иттиҳоди Британия ва миёнбанди чемпиони Аврупоро сазовор шуда буд.
19 сентябри соли  1980  дар саҳнаи Olympic Auditorium-и  Лос-Анҷелес Ҷонни  шонси набард карданро  барои унвони WBC дар вазни сабук пайдо кард. Рақиби Оуэн боксчии машҳури Мексика Лупе Пинтор гашт. Мубориза ба мисли дигар набардҳои Оуэн шавқовару шадид ва бидуни хотирбинӣ сурат гирифт.  Ҷонни Оуэн  8 раундро ба нафъи худ анҷом дод, аммо ногоҳ дар раунди 9-ум бо нокдаун афтид. Баъд аз ин  Пинтор ташаббусро ба худ гирифт. Вазъияти фоҷиаовар қабл аз 25 сонияи анҷоми раунд бо нокаути варзишгари Мексика фаро расид.  Оуэн беҳуш дар ринг мехобид ва ӯро ба занбар бор карда, ба госпитал фиристоданд.  Ҷарроҳии рафъи тромб дар раги хунгард натиҷаи дилхоҳ надод ва Ҷонни Оуэн пас аз 7 ҳафтаи беҳушӣ аз дунё гузашт.

Бо гузашти 22 сол дар Уэлс – ватани варзишгари номӣ ҳайкали Ҷонни Оуэн  гузошта шуд. Бо хоҳиши  падар лавҳаи ёдбуди ҳайкалро худи Лупе Пинтор кушод. Соли 2006 дар бораи ҳаёти боксчӣ Ҷонни Оуэн китобе ба табъ расид.

 Эрни Шаафи

24-солаи амрикоӣ 14 феврали соли 1933 аз ҷароҳати мағзи сар ва баъдан аз зарбаи нокаут ҷон супурд. Дэйви Мури амрикоии 29-сола 25 марти соли 1963 ҳангоми раунди 10-ум нокаут гирифта, ба банди атрофи ринг бархӯрд ва гарданаш шикасту аз ҷони ширинашон маҳрум гашт.

Дар ҷумлаи ҷонбохтагони бокс Бенни «Кид» Парет кубагии 25-сола ( санаи марг 3 апрели соли  1962),Дук Ку Кими  23-сола аз Кореяи Ҷанубӣ (17 ноябри соли  1982), довар Ричард Грин  (худро барои фоҷиа дар ринг гунаҳгор дониста, худкушӣ кард) ва Роман Симакови 27-сола аз Русия (8 декабри соли 2011) ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *