Варзишкори ӯзбек дар Қирғизистон ба «ангехтани бадбинии қавмӣ» айбдор шуд

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон нисбати варзишкор Нурсултон Рӯзибоев бо айби «ангехтани бадбинии нажодӣ, қавмӣ, миллӣ, динӣ ва ё минтақавӣ» парванда боз кард.

Вазорат рӯзи 21 август хабар дод, ки Рӯзибоев дар мусобиқаи варзишии шаҳри Кара-Суу Қирғизистон рӯзи 18 август ширкат ва аз рақиби қирғизистониаш шикаст хӯрд. Баъдтар ин варзишкор дар саҳифаи Инстаграм навори таҳқиромезеро нашр кард.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки Рӯзиебоев айни ҳол дар Ӯзбекистон аст ва тафтишот бар асоси Конвенсияи Минск пеш бурда мешавад.

Рӯзибоев навори пешинро пок ва як навори нав нашр кард. Вай мегӯяд: «Нахуст, довар парчами моро ба замин афканд, ба дашному теладиҳӣ шуруъ кард. Вай чи ҳак дорад, ки парчами моро партояд?! Моро дашном кунад?! Як гуруҳи одамон талош карданд, ки маро бизананд… Чаро онҳо нисбати меҳмонон чунин рафтор карданд?».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *