Юки Нагасото ба дастаи мардона гузашт

Футболбозбонуи мунтахаби Ҷопон — Юки Нагасото аз ин пас ҳунарнамоияшро дар дастаи мардона идома медиҳад, хабар додааст varzishtv.tj

Варзишгарбонуи 33-сола се сол охир дар дастаи «Чикаго Ред Старз»-и ИМА ҳунарнамоӣ мекард ва баъдан ба меҳанаш баргашта дар тими «Хаябуса Элевен» ба ҳайси иҷора рақобаташро идома дод.

Юки нахустин футболбозбонуе дар кишвари Ҷопон мебошад, ки бо мардон дар як даста бозӣ мекунад.

Нагасото соли 2010 ба корномаи варзишиааш оғоз намуд. Ӯ бештари фаъолияташро дар Чемпионати Олмон дар дастаҳои «Турбин», «Волфсбург» ва «Франкфурт» сипарӣ намудааст.

Инчунин ӯ дар бошгоҳи «Челси» низ бозӣ кардааст. Юки соли 2004 ба тими мунтахаби Ҷопон даъват гардид. Ӯ бо тими мунтахабаш соли 2011 унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *