Зӯри Денис Лебедеви номӣ ба Мурат Гассиев нарасид

Шоми 3 декабр дар шаҳри Москва набарди Денис Лебедев, чемпиони ҷаҳон аз рӯйи фарзияи Ассотсиатсияи ҷаҳонии бокс (WBA) Федератсияи байналмилалии бокс (IBF) бо муштзани ҳамватанаш Мурат Гассиев дар вазни то 90,71 кг баргузор шуд.
Лебедев дар ин набард мақсади ҳифз намудани унвони чемпиониашро аз рӯйи фарзияи IBF дошт. Зӯрозмоии Лебедеви 37-сола ва Мурат Гассиеви 23-сола аз Владикавкази Осетияи Ҷанубӣ 12 раунд хеле шавқовар сурат гирифта, то охир маълум набуд, ки кадоме аз онҳо дастболо мешавад. Фақат ҳамон зарбаи ҳадафраси Мурат ба ҷигари Денис дар раунди 5-ум, ки сабаби афтидани ҳарифи пуртаҷрибааш гардид, бартариро ба ҷониби муштзани ҷавон ҳал кард. Доварон ғолибияти Мурат Гассиевро бо ҳисоби 2:1 эълон карданд. Ҳамин тавр, Денис Лебедев унвони чемпиони IBF ва камарбанди чемпиониро аз даст дод.
Аммо Денис Лебедев унвони чемпиониашро дар фарзияи WBA нигоҳ дошта, то имрӯз дар ринги касбӣ 29 набардро бурида, 2 муҳорибаро бохтааст. Гассиев 17 набардро бо нокаут бурида, то ҳол дар ягон муҳориба шикаст нахӯрдааст.
Денис Лебедев ба қарори доварони вохӯрӣ шубҳае наоварда, иброз намуд, ки «акнун замони Мурат Гассиев фаро расид. Муҳорибаи мо одилона гузашт ва бо пирӯзии зӯртарин поён ёфт».
Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *