Суғд: Ҷустуҷӯйи Сафияхон 1 моҳ шуд, ки идома дорад

Имрӯз 7-уми март аз нопадид шудани Сафияхон Раҳматова, духтараки 10-сола аз шаҳри Хуҷанд 1 моҳ пур шуд.
Корҳои ҷустуҷӯйӣ ҳамоно идома дорад. Ғаввосони бахши КҲФ шаҳр ҳоло ҳам кофтукоби духтараки ғарқшударо дар дарёи Сир идома дода истодаанд. Мирзораҳим Абдуллоев сардори бахши РКҲФ ҷа МГ вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд имрӯз дар сӯҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки падари духтарак низ ҳамроҳи ғаввосон ба кофтукоб баромадааст. Вай мегӯяд, ҳарчанд корҳо дар ин самт ҷоннок карда шудааст ва новобаста аз вазъи ҳаво кофтукоб идома дорад, аммо то ҳол натиҷаи дилхоҳе нест.

Бино ба гуфтаи Абдуллоев, ҳоло мактуби бахши Раёсат дар вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ дастрас карда шудааст ва наҷотдиҳандагони кишвари ҳамсоя ҳам ба кофтукоби Сафияхон шурӯъ кардаанд.
Бояд гуфт, ки ин кор бо хоҳиши падари духтарак амалӣ карда шуд. Зеро поёноби Сирдарё ба кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон дохил мешавад ва эҳтимол аст ки ҷараёни тези об духтаракро аз ҳудуди Тоҷикистон берун бурда бошад.

Саидаъзамхон Раҳматов, падари Сафияхон Раҳматова дар суҳбат бо мо гуфт, ки духтарашро ғаввосони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Хуҷанд, мақомоти дигари дахлдор ва ҳатто ихтиёриён новобаста аз вазъи ҳаво ҷустуҷӯ карда истодаанд. Вай мегӯяд, рӯзи гузашта худаш низ ҳамроҳи ғаввосон ба кофтукоб баромад. Онҳо то Платина, яъне сарбанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон корҳои ҷустуҷӯйиро идома доданд, ки аз ҳудуди дарёи Сир наздики 30-35 километр аст. Аммо то ҳол натиҷае нест.

Ёдовар мешавем, ки Сафияхон Раҳматова 7-уми феврали соли 2024 бедарак шудааст. Баъди чанд рӯзи нопадид шуданаш, волидонаш дар дарёи Сир ғарқ шудани духтарашонро тасдиқ карданд. Имрӯз санаи 7-уми март ба ин ҳодиса 1 моҳ пур шуд. Аммо аз корҳои кофтукобӣ ҳанӯз натиҷае нест. Масъулини бахши КҲФ шаҳри Хуҷанд барои пайдо кардани духтарак тамоми қувва ва воситаҳоро истифода бурда истодаанд. То супориши роҳбарияти Раёсатро иҷро ва муроҷиати волидайни духтаракро қонеъ кунанд.

Фарзона Шамсиева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *