Суғд: Барои муолиҷаи гурда имконияти мусоид фароҳам омад
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуъбаи гемодиализи Беморхонаи клиникавии N1-и ба номи С. Урунови шаҳри Хуҷанд аз таъмири пурра бароварда шудааст.
— Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи сиҳатии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи “TIKA” шуъбаи гемодиализи Беморхонаи клиникавии N1-и ба номи С. Урунови шаҳри Хуҷанд аз таъмири пурра баровардаву мавриди истифода қарор дода шуд,- иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ҳамзамон, шуъбаи мазкур бо 3 адад дастгоҳи диализатори муосир таҷҳизонида шуда, дар он тамоми шароит ва имконоти мусоид барои муолиҷаи беморони дорои бемориҳои музмини гурда фароҳам оварда шудааст.
Ҷоизи қайд аст, ки шуъбаи мазкур дар миқёси вилоят ягона буда, ба беморон аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят хизматрасонӣ менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ