Суғд: Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ ва китобдори беҳтарин маълум шуданд
Дар вилояти Суғд озмунҳои вилоятии «Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ» ва «Китобдори беҳтарин» ҷамъбаст шуданд. Дар ин хадамоти матбуоти МИҲД-и вилояти Суғд хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, даври аввали озмуни «Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардида, аз ҳисоби беш аз 900 адад китобхонаи наздимактабӣ 35 адад китобхонаҳо ба даври вилоятии озмун роҳ ёфтаанд.
Ғолиб ва барандаи Шоҳҷоизаи озмуни «Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ дар соли 2021» — китобхонаи наздимактабии Гимназияи №1-и шаҳри Истаравшан гардид. Ҳамчунин, китобхонаи наздимактабии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойи аввал, китобхонаҳои наздимактабии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и ноҳияи Ашт ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Мастчоҳ мақоми дуввум, китобхонаи наздимактабии МТУҒ “Мактаби Акрам”-и ноҳияи Спитамен, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и шаҳри Панҷакент ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд мақоми саввумро касб намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи баргузории озмуни «Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ» аз озмуни “Китобдори беҳтарин” низ натиҷагирӣ карда шуда, дар натиҷа Солиев Суҳроб — китобдори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Деваштич, Ҷумаева Санавбар — мудири китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и шаҳри Конибодом, Мирзоева Сойира — китобдори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Зафаробод, Қобилова Шаҳодат — мудири китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Ҳамдамов Хоҷабек — мудири китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Шаҳристон беҳтарин китобдорон дар соли 2021 ҳисобида шудаанд.
Ба ғолибони озмун Диплом, лентаи рамзӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ (бастаи китобҳои бадеӣ) тақдим гардидааст.
— Ёдовар мешавем, ки мақсади озмун дуруст ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, истифодаи босамари китобҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассусмандии китобдорон дар раванди фаъолият, беҳдошти маҳорати касбии китобдорону китобшиносон, муайян кардани сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ, тарзи нигоҳдорӣ ва коркарди саривақтии ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷаи корӣ мебошад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ