Суғд: Ду ҳодисаи сӯхтор ва беш аз 30 ҳазор сомонӣ зарар дар як рӯз 

Имрӯз, 2-юми январ дар вилояти Суғд ду ҳодисаи нохуши сӯхтор ба қайд гирифта шудааст.

 Дар ин бора аз Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд ба Pressa.tj иттилоъ доданд.

Бино ба маълумоти манбаъ, ҳодисаи сӯхтор дар манзилҳои истиқоматии сокинон, яке дар шаҳри Конибодом ва дигаре дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.

Гуфта шуд, ки ҳодисаи якум тахминан соати 1:20 дақиқаи шаб дар манзили истиқоматии шаҳрванд Боҳиров Қосим Охунович, соли таваллудаш 18.05.1956 нафақахӯр ва  истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Патар рух додааст. Ҷойи нигоҳдории чорво, 3 мукааб ҳезуми хушк дар масоҳати 15 метри мураббаъ сӯхтааст. Зарари умумии сӯхтор 5 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.

“Зимни хомӯш кардани алангаи оташ ҳуҷраҳои истиқоматии дар наздикии ҳодисабуда, ба маблағи 300 000 сомонӣ эмин нигоҳ дошта шуд”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

 Ҳоло сабабҳои сар задани сӯхтор муайян карда мешавад. 

Ҳамчунин, субҳи  имрӯз, соати 5:10 дақиқа дар манзили истиқоматии шаҳрванд Акрамҷон Пӯлотҷонов, соли таваллудаш 15. 04. 1989 истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сӯхтор сар зад.

Дар натиҷа дохил ва болопӯши манзили истиқоматӣ ва ошхона дар масоҳати 60 метри мураббаъ сӯхтааст.Зарари умумии ҳодиса 25 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.

 Сабаби сӯхтор нодуруст васл намудани ноқили барқии дохили ошхона мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *