Суғд: Карантин дар таваллудхона ба итмом расид

Таваллудхонаи вилояти Суғд пас аз даҳ рӯзи карантин ба реҷаи кории муқаррарӣ гузашт, хабар медиҳад “Спутник.тч”

Ин тасмим охири моҳи август, пас аз ошкор шудани ду ҳолати КОВИД-19 дар занони ҳомила қабул шуда буд. Он замон баҳри пешгирии ин пандемия ҳеҷ як зани ҳомила ба таваллудхона қабул намегардид.

Пас аз он ки, сироятёфтагони эҳтимолӣ аз ташхиш гузаштанду дар вуҷудашон ин вурус ошкор нагардид, таваллдухона ба низоми кории маъмулӣ гузашт.

Ёдрас мешавем, ки таваллудхонаи вилоятӣ дар бештари маврид занони ҳомилаи ба мушкилоти зойиш гирифтор шударо қабул мекунад.

Амони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *