Суғд нақшаи андозро барзиёд иҷро кард
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли равон ба 2 миллиарду 43,1 млн. доллар расонида шудааст. Ҳаҷми воридот 1 миллиарду 473,1 млн. доллар ва содирот 570 млн. долларро ташкил намудааст.
Ин омор 10 октябр зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2023 садо додааст. Дар ҷаласа раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, муовинони ӯ ва дигар масъулин иштирок намудаанд.
Таъкид гардидааст, ки нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 9 моҳи соли 2023 ба андозаи 106,2 фоиз таъмин гардид. Дар натиҷа ба буҷет 3 миллиарду 195,8 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 185,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи воридоти андоз аз даромад 110,4 фоиз ё 160,1 млн. сомонӣ барзиёд, андоз аз арзиши иловашуда 101,0 фоиз ё 4,5 млн. сомонӣ, аксизҳо 105,9 фоиз ё 3,2 млн. сомонӣ, андоз аз истифода захираҳои табиӣ 100 фоиз ё 223,4 ҳазор сомонӣ, андоз аз молу мулки ғайриманқул 105,3 фоиз ё 11,97 млн. сомонӣ, низомҳои соддакардашудаи андозбандӣ 101,5 фоиз ё 3,3 млн. сомонӣ, боҷи давлатӣ 102,7 фоиз ё 1,1 млн. сомонӣ ва пардохтҳои дигари маҳаллӣ 106,6 фоиз ё 1,3 млн. сомонӣ барзиёд таъмин гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ